Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Салиби Сурх пас аз таҳдиди Толибон фаъолияташро дар Афғонистон қатъ кард


Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх пас аз ҳушдори гурӯҳи Толибон, фаъолиятҳояшро дар саросари Афғонистон қатъ кардааст.

Робин Ваудо, як масъули расонаҳои ин кумита рӯзи панҷшанбеи 11-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, то вақте, ки масъалаи ҳифзи ҷони кормандони Салиби Сурх ҳал нашавад, ин созмон фаъолиятҳояшро мутаваққиф хоҳад кард.

Ӯ афзуд, "бале, мо эъломияи Толибонро дидем ва тасмим гирифтем, ки фаъолиятҳои худро қатъ кунем. Ба ҳамин хотир, Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх наметавонад, ки дар минтақаҳои мухталифи Афғонистон ба мардум хадамоте пешниҳод кунад". Оқои Ваудо мегӯяд, ки Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх талош мекунад, ки ин мушкилро аз тариқи гуфтугӯ бо Толибон бартараф намояд.

Ин дар ҳоле аст, ки гурӯҳи Толибон Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ва Салиби Сурхро ҳушдор додааст, ки таъмини амнияти кормандони онҳоро замонат намедиҳад. Дар эъломияи гурӯҳи Толибон омадааст, ки шуморе аз ниҳодҳо ва муассисаҳои кӯмакрасон фаъолиятҳояшонро дар ин кишвар ба таври дуруст пеш намебаранд. Гурӯҳи Толибон ҳамзамон гуфтааст, ки муассисаҳои дигари имдодӣ метавонанд ба фаъолияташон дар Афғонистон идома диҳанд.

Дар баёнияи Толибон, ки дар ихтиёри расонаҳо қарор гирифт, гуфта шудааст, ки Салиби Сурх ба ӯҳдадориҳояш амал накарда ва бахши ваксинаи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ "фаъолиятҳои машкук" анҷом додааст.

Сухангӯи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Ҷин Ни гуфтааст, ки созмон ин хабари таҳдиди Толибонро дастрас кардааст ва барои беҳтар фаҳмидани вазъият, кор мебарад. Аммо ҳукумати Афғонистон то ба ҳол ба ин таҳдиди Толибон вокунише нишон надодааст.

Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх беш аз 30 сол мешавад, ки дар Афғонистон фаъолият мекунад. Кӯмак ба асирон ҷангӣ, маъюбон, қурбониёни ҷанг ва тақсими маводи хӯрокворӣ ва ҳамчунин кӯмак ба беҷошудагони дохилӣ, аз ҷумлаи фаъолиятҳои ин созмон дар Афғонистон мебошад.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG