Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интернети Тоҷикистон. Як дари баста, сад дари боз. ВИДЕО


Сарони расонаҳои хабарии интернетӣ мегӯянд, бастани сомонаҳо кори чандон бад ҳам набудааст, зеро ба онҳо донишҳои нави технологӣ дод ва ҳам сафи муштариёнашонро ба маротиб бештар кард.

Бунёдгузори медиа-ҳолдинги "Азия-плюс" Умед Бобохонов мегӯяд, шумори хонандагони сомонаи асосии ин ниҳод ба 50 000 нафар дар рӯз расид, ки ҳатто ҳангоми озод будани дастрасӣ ба он дида нашудааст. Ин дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон, ки бастани вебсайтҳои хабарӣ ва маҳрум кардани корбарон аз дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ “расм” шудааст.

Масдуд шудани Интернет ва ҳам дастрасӣ ба вебсайту шабакаҳоро созмону кишварҳои дигари ҳамкори Тоҷикистон, аз ҷумла Иттиҳоди Аврупо, интиқод кардаанд.

Дар панҷ соли охир дастрасӣ ба сомонаи "Азия-плюс" ва ҳамчунин расонаҳои дигар дар Тоҷикистон чандин бор маҳдуд шудааст ва як соли охир он бидуни қулфшикан боз намешавад. Мақомот то ба ҳол далели расмии бастан ё масдуд кардани ин вебсайтро нагуфтаанд. Бисёр вақт гоҳе ки расонаҳои инетрнетӣ баста мешаванд, эълони "бо сабабҳои техникӣ" садо медиҳад. Пас чунин сабабҳо нисбати "Азия-плюс" то ҳол давом доранду маълум нест, кай ба поён мерасанд.

"Агар аз дар занӣ, аз бом дароям!"

Зебо Тоҷибоева, мудири иҷроии медиа-ҳолдинги “Азия-Плюс” мегӯяд "зиндагӣ маҷбур кардааст, ки ҳамкоронаш роҳҳои алтернативии тамос бо хонандаи худро пайдо кунанд". Ҳамин тариқ онҳо каналҳои Viber, "Телеграм" ва сафҳаи Yandex Zen-ро боз карданд, ки яке 60 ва дигаре 40 дарсади маҳсулоти онҳоро ба муштариён мерасонад. Кор дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ густариш дода шуд. "Мо ҳоло тамоми таваҷҷӯҳро ба саҳфаҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ равона намудаем",- афзуд Тоҷибоева.

Зебо Тоҷибоева, мудири иҷроии медиа-ҳолдинги "Азия-Плюс".
Зебо Тоҷибоева, мудири иҷроии медиа-ҳолдинги "Азия-Плюс".

Ёфтани "дарҳои дигар ба ҷойи дари баста"-ро сардабири хабаргузории “Авеста” Бахтиёр Мусоев низ тасдиқ мекунад. Ин расона низ чанд моҳи ахир дар Тоҷикистон дастнорас аст. Ба ақидаи Бахтиёр, ҳама гуна маҳдудкуниҳо натиҷаи баракс медиҳанд. "Дуруст аст, ки дар рузҳои аввали маҳдуд кардани дастрасӣ шумораи хонандаҳо ба таври чашмрас коҳиш ёфт, аммо чун ҷаҳони фанновариҳо ҳар рӯз рушд мекунад, роҳҳои дигари расонидани иттилло ба хонанда пайдо мешавад ва ҳам онҳое, ки худашон мехоҳад, метавонанд бо ҳар восита вориди сомона шаванд.

"Сайткушоӣ кунем, на сайтбандӣ"

Раҳбарони расонаҳои инетрнетӣ ба он таъкид мекунанд, ки маҳдуд кардани дастрасӣ ба сомонаҳо дигар роҳи муносибе барои пешгирӣ аз паҳн шудани иттилоъ нест. Чун, ба қавли онҳо, аксари мардум акнун метавонанд, бо истифода аз филтршиканҳо вориди сомонаҳо гарданд ва ё сафҳаҳои худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол кунанд.

Интернети Тоҷикистон. Як дари баста, сад дари боз
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:43 0:00

Бо як нигоҳи кутоҳ мешавад дид, ки бо маҳдуд шудани дастрасӣ ба расонаҳо, шумораи хабарҳо дар "Телеграм", Твиттер, Инстаграм, Yandex Zen, IMO, Viber ва ғайра ба маротиб меафзояд. Агар ба ин руйхат филтршиканҳои VPN, TOR, Browsec, Supervpn ва ғайраро изофа кунем, ошкор мешавад, ки маҳдуд кардани дастрасӣ ба сомонаҳои хабарӣ, агар ҳадаф аз он пинҳон доштани иттилоъ аз мардум бошад, аслан барои иҷрои ин мақсад фоидае надорад ва танҳо, ба гуфтаи Бахтиёр Мусоев, метавонад обруи кишварро резад.

Илҳомҷон Атоев, муовини раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон.
Илҳомҷон Атоев, муовини раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон.

Дастрасӣ ба Интернет шурӯъ аз соли 2008 тадриҷан ба "монополияи давлат" табдил шуд ва ин ба он маъност, ки мақомот метавонанд бидуни пурсидани назари провайдерҳо ё ширкатҳои фароҳамкунандаи Интернет дар ин маврид тасмим бигиранд. Аммо худи мақомот, шикоятҳо аз масдудкунии вебсайтҳоро рад карда, ин маҳдудиятҳоро ба "мушкили фаннӣ", рабт медиҳанд.

Илҳомҷон Атоев, муовини раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон рӯзи 10-уми апрел дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ масдудияти сомонаҳои интернетиро дар кишвар рад кард ва гуфт сомонаҳое, ки расман фаъолият доранд, баста нестанд. Ӯ мегӯяд, танҳо вебсайтҳое, ки ба тарғибу ташвиқи гурӯҳҳои ифротӣ ва фаҳшо машғуланд ё бар асоси қарори Додгоҳи олии кишвар фаъолияташон мамнуъ аст, масдуд ё блок карда шудаанд.

Ин масъули хадамоти алоқа таъкид намуд, ки сомонаҳои интернетӣ бар асоси қонунгузории кишвар танҳо дар ҳолатҳои фавқулодда ё барои пешгирии ягон ҳодиса, ки ба амнияти кишвар таҳдид мекунад, муваққатан масдуд мегарданд.

"Мақсади мо блок кардани сайтҳо нест, балки беҳтар кардани сатҳи хизмматрасонии интернет мебошад,”- гуфт ӯ. Ин дар ҳолест, ки ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд бидуни огоҳӣ ва бесабаб басташавии созмонҳои хабарӣ ва ҳамчунин шабакаҳои иҷтимоӣ амали ғайриқонунӣ ва нақзи ҳуқуқи истеъмолкунанда аст.

Замона дигар шудааст...

Шаҳрзоди Амин, рӯзноманигори тоҷик.
Шаҳрзоди Амин, рӯзноманигори тоҷик.

​Рӯзноманигорон ва мутахассисони фановариҳои иттилоотӣ ба инанд, ки талоши мақомот танҳо талаф кардани вақту беобрӯ сохтани худ аст. Шаҳрзоди Амин, рӯзноманигори тоҷик, ки пайваста хабарҳоро аз тавассути сомонаҳои интернетӣ пайгирӣ мекунад, гуфт, ҳар сомонае, ки масдуд карда мешавад, мардум баръакс ба он таваҷҷӯҳи бештар зоҳир мекунад ва талош меварзанд вориди он шаванд.

Вай барои намуна гуфт, "ҳоло замона дигар шудааст. Агар дар гузашта нашрияро мебастанд ва дигар аз чоп намемонд, ҳоло интернет аст, дилхоҳ сайте, ки баста мешавад, дар ҳамон лаҳза ВПН ё қулфшикани дигар пайдо мешавад. Хонандаи имрӯз як барномаи дигарро пайдо карда, ба ин ё он сомонаи масдудшуда ворид мегардад".

Дар солҳои қабл ҳам чандин маротиба дастрасӣ ба сомонаҳои "Азия-плюс" ва Радиои Озодӣ, ҳамчунин шабакаҳои иҷтимоии "Фейсбук" ва "Ютуб" маҳдуд шуда буд. Масдуд шудани Интернет ва ҳам дастрасӣ ба вебсайту шабакаҳоро созмону кишварҳои дигари ҳамкори Тоҷикистон, аз ҷумла Иттиҳоди Аврупо интиқод кардаанд. Тоҷикистон соли 2018 дар шохиси озодии матбуот аз миёни 180 кишвар дар мақоми 149-ум қарор гирифт.

XS
SM
MD
LG