Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамлаи хунини Толибон ба ду ноҳияи ҳаммарз бо Туркманистон


Дар ду ноҳияи вилояти Бодғис, дар шимолу ғарби Афғонистон задухӯрдҳои мусаллаҳонаи шадид идома доранд. Ҷангҷӯёни Толибон ноҳияи Обкамариро пурра ва дар ноҳияи Боломурғоб бинои пулисро тасарруф кардаанд.

Раиси Шӯрои маҳаллии Бодғис Абдулазиз Бег гуфт, ҷангҷӯён бинои пулиси Боломурғобро тахриб кардаанд. "Дар натиҷаи задухӯрдҳо бештар нирӯҳои пулис зиён дидаанд. Бар пояи хабарҳои расида, ҷасади маъмурон ҳанӯз ҳам дар даромадгоҳи бинои пулис хобидааст. Вале дар ҳоли ҳозир маълум нест, ки чанд кас кушта шудааст", - афзуд ӯ.

Дар ноҳияи Боломурғоб ду рӯз мешавад, задухӯрдҳои мусаллаҳона идома доранд. Раиси Боломурғоб хабар дод, ки танҳо дар натиҷаи задухӯрдҳои ҳафтаи гузашта 35 сарбоз ҷон бохтаанд.

Ба гуфтаи Муҳаммадносир Назарӣ, вақтҳои ахир вазъ дар ин ноҳия хеле муташанниҷ аст. Ӯ изҳори нигаронӣ кард, ки агар нирӯҳои иловагӣ сари вақт нарасанд, дар ноҳия фоҷеаи инсонӣ рух хоҳад дод.

Дар ҳамин ҳол намояндаи расмии Вазорати дифои Афғонистон хабар медиҳад, ки дар ноҳияҳои Обкамарӣ ва Боломурғоб зидди ҷангҷӯён амалиёти низомӣ оғоз шуда, онро муовини вазири дифои ин кишвар Муҳаммад Ёсин раҳбарӣ мекунад.

Ноҳияҳои Обкамарӣ ва Боломурғоб дар наздикии марзи Туркманистон ҷойгир буда, дувумӣ яке аз минтақаҳои стратегӣ ба шумор меравад.

XS
SM
MD
LG