Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти Туркия ба лағви натиҷаҳои интихоботи Истамбул даъват кард


Президенти Туркия Раҷаб Эрдуғон даъват кард, ки натиҷаҳои интихоботро дар шаҳри Истамбул бекор кунанд. Дар ин бора хабаргузории Reuters бо истинод ба расонаҳои рӯ ба ҳукумати Туркия хабар дод.

Бар асоси қонунгузории Туркия, бо қуттиҳои интихобот танҳо кормандони давлатӣ кор хоҳанд кард. Ба гуфтаи Эрдуғон, ин меъёр дар интихоботи Истамбул риоя карда нашудааст.

Бино ба иттилои пешакӣ, дар интихоботи шаҳрдории Истамбул номзади мухолифон аз Ҳизби халқӣ-ҷумҳурихоҳ Акрам Иммомуғлу пирӯз мешавад. Ӯ аз номзади Ҳизби ҳокими адолат ва рушд - сарвазири пешин Бинолӣ Йилдирим 0,2% овози бештар ба даст овардааст. Дар интихоботи шаҳрдории Анқара номзади мухолифон Мансур Яваш бо касби беш аз 50 дарсади раъй пирӯз шуд. Ба номзади ҳизби ҳоким Маҳмад Озхасекӣ беш аз 47 дарсад раъй додаанд.

Интихоботи шаҳрдорҳо дар Туркия 31 марти соли равон баргузор шуд. Дар интихобот ҳудуди 57 миллион шаҳрванд иштирок кард. Ҳизби ҳокими Туркия 7 апрел аз Комисияи марказӣ дархост кард, ки интихоботи шаҳрдори Истамбул аз нав баргузор шавад.

XS
SM
MD
LG