Бино бар натиҷаҳои интихобот порлумонии Исроил, ки рӯзи сешанбеи 9 апрел баргузор шуд, Бинямин Натаняҳу бори панҷум ҳукумати Исроилро раҳбарӣ хоҳад кард.
Шумориши 97 дарсади баргаҳои раъй нишон дод, ки ҳизби "Ликуд"-и сарвазири Исроил Бинямин Натаняҳу дар интихобот пешсаф аст. Ин ҳизб ҳамроҳ бо ҳампаймонҳояш дар Кнессет ё маҷлиси Исроил соҳиби 65 курсӣ шудааст. Пирӯзии Натаняҳу расман эълон нашудааст, вале президенти Исроил Реувен Ривлин ҳафтаи оянда машваратҳояшро барои таъсиси ҳукумати нав оғоз мекунад. Маҷлиси Исроил 120 курсӣ дорад.
Натаняҳу аз соли 2009 ба ин тараф ҳукумати Исроилро роҳбарӣ мекунад. Сарфи назар аз шуруи пажуҳиши ҷиноӣ нисбати Натаняҳу, вай аз маъруфияти зиёде бархурдор аст. Натаняҳу ҳамчунин аз сӯи ҳукумати Доналд Трамп пуштибонӣ мешавад.
Дар ҳоли ҳозир эҳтимоли ба фасодкорӣ муттаҳам шудани Натаняҳу мавҷуд аст.