Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокунишҳо ба "террористӣ" эълон шудани Сипоҳи посдорони Эрон


Дар феҳристи "созмонҳои террористии хориҷӣ" қарор гирифтани Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон, вокунишҳои густурдаеро дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон ба миён овард. Шуморе аз кишварҳо аз ин амалкарди Амрико интиқод ва бархе ҳам ситоиш карданд.

  • Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, рӯзи 8-уми апрел Сипоҳи посдорони Эронро "созмони террористӣ" эълон кард.

"Қобили фаҳм нест"

Мавлуд Човушоғлу, вазири корҳои хориҷии Туркия, рӯзи 9-уми апрел аз қарор додани Сипоҳи посдорони Инқилоби исломӣ дар феҳристи "созмонҳои террористии хориҷӣ" интиқод кард ва гуфт, ки ин амалкарди Амрико боиси бесуботӣ дар минтақа мешавад.

Сипоҳи посдорони Инқилоби исломии Эрон бо ҳудуди 125 ҳазор узви мусалллаҳ, нуфузи густурдае дар саҳнаи сиёсӣ ва иқтисодии Ҷумҳурии исломӣ дорад.

Вазири умури хориҷии Туркия дар як нишасти хабарӣ дар Анқара гуфтааст, "чунин тасмимҳо заминасози бесуботӣ дар минтақаи мо хоҳад шуд". Оқои Човушоғлу афзудааст, ки тасмим барои "террористӣ" номидани артиши расмии як кишвар дигар "қобили фаҳм" нест. Вай дар идома аз таҳримҳои Амрико алайҳи Эрон интиқод кардааст.

Ба гузориши хабаргузории давлатии Туркия -"Анадолу", Мавлуд Човушоғлу гуфтааст, "мо амалкардҳои Сипоҳи посдорон дар Сурияро таъйид намекунем ва ҳатто мухолифи ин иқдомот ҳастем, аммо ин масъала боис намешавад, ки нерӯи низомии расмии як кишварро гурӯҳи террористӣ биномем".

Эрон дар ҷанги Сурия аз ҳукумати Башор Асад ҳимоят мекард ва Туркия пуштибони гурӯҳҳои мухолифи режими Сурия буд. Бо вуҷуди ихтилофи назар, Туркия ва Эрон дар мавриди Сурия, ҳоло ин ду кишвар талош доранд роҳҳале барои сулҳу субот дар ин кишвари ҷангзадаи арабӣ пайдо кунанд.

Вокуниши Ироқ, Қатар ва Иттиҳодияи Аврупо

Дар ҳамин ҳол, Одил Абдулмаҳдӣ, нахуствазири Ироқ дар вокуниш ба ворид шудани номи Сипоҳи посдорон ба феҳристи "созмонҳои террористии хориҷӣ" аз сӯи Амрико, бо ишора ба ин, ки Бағдод талош кард то монеи чунин тасмиме шавад, гуфтааст, ин тасмим метавонад таъсири манфӣ бар Ироқ ва минтақа дошта бошад.

Одил Абдулмаҳдӣ, нахуствазири Ироқ бо Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон.
Одил Абдулмаҳдӣ, нахуствазири Ироқ бо Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон.

Ба гузориши хабаргузории "Рейтерз", Одил Абдулмаҳдӣ дар нишасти хабарии ҳафтагии худ ба хабарнигорон гуфт, ки "Ироқ талош кард то монеи ин тасмим шавад ва бо ҳама тарафҳо тамос гирифт, амрикоиҳо ва саудиҳо" ва талоши худро ба кор хоҳад буд, то бинобар доштани робитаи хуб бо Эрон ва Амрико, оромишро ба минтақа биёварад. Нахуствазири Ироқ афзуд, ки ҳаргуна таниш боис мешавад, ки ҳамаи минтақа бозанда бошад.

Иттиҳодияи Аврупо ба ин амалкарди Амрико вокунише нишон надодааст. Сухангӯи ҳамоҳангсози сиёсати хориҷи Иттиҳодияи Аврупо гуфтааст, ки "ҳеҷ тавзеҳе"дар бораи ин амалкарди Амрико надорад. Вай дар посух ба суоли "Евранюс" гуфт, ки ин иқдом таъсире бар мавзуи созиши ҳастаӣ нахоҳад дошт.

Ба навиштаи шабакаи телевизионии "Ал-Ҷазира", вазири умури хориҷии Қатар Шайх Муҳаммад бин Абдураҳмон Оли Сонӣ гуфтааст, ки кишвараш ба ин бовар аст, ки ихтилофот байни кишварҳо бояд аз тариқи музокирот ва гуфтугӯ ҳал шавад. "Ҳатто агар ихтилоф дар мавриди рафтори артиши Эрон ваё артиши ҳар кишвари дигаре ҳам бошад",-гуфтааст вазири умури хориҷии Қатар.

Истиқболи Саудӣ, Баҳрайн ва Исроил

Ба навиштаи "Ал-Ҷазира", аммо дар муқобил Арабистони Саудӣ аз ин тасмими Амрико истиқбол намуда ва таъкид кардааст, ки ин як иқдоми амалии ҷиддӣ дар мубориза алайҳи терроризм мебошад".

Вазорати умури хориҷии Баҳрайн ҳам аз шомил кардани Сипоҳи посдорони Эрон ба феҳристи "созмонҳои террористии хориҷӣ", истиқбол кардааст. Баҳрайн Эронро ба пуштибонӣ аз гурӯҳҳои шиа дар он кишвар муттаҳам мекунад. Иттиҳоме, ки Эрон ҳамвора онро радд кардааст.

Нахуствазир ва вазири дифои Исроил барои "террористӣ" хондани Сипоҳи посдорон аз Доналд Трамп сипосгузорӣ кардаанд. Бенямин Нетаняҳу ин амалкарди Амрикоро посухи мусбати Трамп ба хостаҳои ӯ, қаламдод кард. Вай дар паёме хитоб ба Доналд Трамп гуфт, "дӯсти азизи ман, қабули як хостаи муҳими дигари ман, дар ростои манфиатҳои муштараки ду кишвари мо ва кишварҳои дигари минтақа аст".

Тамоси Макрон бо Рӯҳонӣ

Эманнуэл Макрон, раиси ҷумҳури Фаронса шоми 9-уми апрел дар тамоси телефонӣ бо ҳамтоии эронии худ Ҳасани Рӯҳонӣ аз ӯ хост, то аз шадидтар шудани танишҳо бар сари "террористӣ" шинохта шудани Сипоҳи посдорон аз сӯи Амрико, парҳез кунад.

Дар ин гуфтугӯи телефонӣ Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон бо дифоъ аз Сипоҳи посдорони гуфтааст, ки "агар фидокории нерӯҳои Сипоҳ набуд, ҳадди ақал ду кишвари минтақа таҳи контроли ДИИШ буд". Дар гузориши нашршуда аз сӯи дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Эрон, ишорае ба мавзеи раиси ҷумҳури Фаронса дар бораи ин иқдоми Амрико нашудааст.

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико рӯзи душанбеи 8-уми апрел Сипоҳи посдоронрон абзори аслии ҳукумати Эрон дар раҳбарии корзори байналмилалии терроризм хонд ва ин ниҳодро дар феҳристи "Созмонҳои террористии хориҷӣ" қарор дод.

Вай афзуд, "ин кор, ки тавассути вазорати хориҷӣ сурат гирифт, баёнгари ин воқеият аст, ки Эрон на танҳо як кишвари пуштибони терроризм, балки Сипоҳи посдорони Инқилоби исломӣ фаъолона дар таъмини молӣ ва тарғиби терроризм ҳамчун аброзе ҳукуматдорӣ иштирок дорад".

Вокуниши мақомоти Эрон

Мақомоти Эрон ҳам ба ин амалкарди Амрико вокуниши тунд нишон доданд. Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон рӯзи сешанбеи 9-уми апрел гуфт, ки "Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо террорист хондани Сипоҳи Посдорони мехоҳад кина ва шикасти худ алайҳи миллати Эронро ҷуброн кунад".

Оқои Рӯҳонӣ дар паёми телевизионии худ ин иқдоми Вашингтонро "иштибоҳ" хонд ва гуфт, ки худи Амрико "раҳбари воқеии терроризми ҷаҳонӣ" аст. Вай иддао кард, ки Амрико мехоҳад, гурӯҳҳои террористиро ҳамчун абзоре алайҳи кишваҳои минтақа истифода барад.

Муҳсин Ризоӣ, дабири Маҷмааи ташхиси маслиҳати низом низ дар сафҳаи шахсии худ дар "Твиттер" дар вокуниш ба ин амалкарди Амрико гуфт, "оқои Трамп, бо ин ҳисоб ба киштиҳоятон бигӯ, аз паҳлӯи қаиқҳои Сипоҳ убур накунанд". Алӣ Лориҷонӣ, раиси порлумони Эрон низ аз Амрико интиқод кард ва ин иқдоми Амрикоро "нишондиҳандаи амиқи кинаварзӣ ва ҷаҳолати ин режим донист".

Сипоҳи посдорони Инқилоби исломии Эрон бо ҳудуди 125 ҳазор узви мусалллаҳ, нуфузи густурдае дар саҳнаи сиёсӣ ва иқтисодии Ҷумҳурии исломӣ дорад. Нерӯҳои Қудс, шохаи Сипоҳи посдорон муттаҳам мешавад, ки амалиёти хориҷиро дар Ховари Миёна раҳбарӣ мекунанд ва интиқоли силоҳ барои шибҳинизомиёни тарафдори Эрон дар Сурия, Ироқ, Лубнон ва гӯшаҳои дигари ҷаҳонро танзим менамояд.

XS
SM
MD
LG