Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

НАТО гуфт, дар ҳамслаи Толибон се низомии амрикоӣ кушта ва як шаҳрванди Афғонистон маҷрӯҳ шуд


Ҳайати НАТО дар Афғонистон хабарҳо дар бораи қурбониҳои як ҳамлаи ахири Толибон ба пойгоҳи калони низомии ИМА-ро дақиқ карда гуфтанд, ки дар ҳодисаи 8 апрел се низомии амрикоӣ кушта шуда, як корманди шартномавӣ маҷрӯҳ шуд. Дар гузоришҳои қаблӣ ин корманди шартномавӣ як амрикоӣ гуфта шуд, ки гӯё ҳамчунин дар ҳодиса кушта шуд.

Вале дар изҳороти рӯзи 9 апрел нашршуда, ҳайати НАТО гузориши “дақиқкунандаи” ҷузъиёти ҳамларо дода навишт, ки дар ҳамла ба пойгоҳи ҳавоии Баграм, се низомии амрикоӣ кушта шуда, як корманди шартномавӣ, ки шаҳрванди Афғонистон будааст, маҷрӯҳ гардид. Дар изҳороти масъулин гуфта шуд, ки дар аввал ин корманди шартномавӣ дар қатори дигар афроди мулкӣ таҳти муолиҷа қарор гирифт, вале баъдан мушаххас шуд, ки ӯ корманди шартномавӣ ва як шаҳрванди Афғонистон буд. Дар изҳорот гуфта мешавад, ки ҳарсе низомии кушташуда маллоҳ буданд.

Дар ҳамлаи ҷудогонае, ки дар ноҳияи Багроми вилояти Парвон рух дод, се низомии амрикоӣ маҷрӯҳ шуданд. Мақомоти маҳаллӣ гуфтанд, ки дар ин ҳодиса инчунин сокинони мулкии Афғонистон ҳам осеб диданд.

Масъулияти ҳамларо Толибон ба ӯҳда гирифтанд.

Бар асоси омори расмии соли ҷорӣ, дар Афғонистон 7 низомии амрикоӣ кушта шудааст.

XS
SM
MD
LG