Додгоҳи ноҳияи Фрунзеи шаҳри Санкт-Петербург қарори аз кор дар чопхона рондани занеро, ки трансгендер ё дуҷинса будааст, ғайриқонунӣ эътироф кард. Дар як қарори бесобиқа барои Русия, додгоҳ гуфт, ки Григорйева бояд дар ҷои кораш барқарор шавад, ба ӯ ба ҳайси ҷуброни азиятҳои маънавиаш 10 ҳазор рубл (муодили 155 доллар) подош ва 1,8 миллион рубл (ё 27 ҳазору 800 доллар) маоши дар давоми ду сол аз дастдодааш пардохт шавад. Григорйева давоми 10 сол дар як чопхона кор мекард ва соли 2017, баъди он ки аз ҷониби мақомот ба ҳайси як зан сабтином шуд, аз кор озод карда шуд. Кордиҳандааш гуфт, ки қарори бекор шудани ӯ бар асоси қонунҳои Русия гирифта шудааст, ки мегӯяд, коре, ки ӯ анҷом медод, танҳо бояд аз ҷониби мардон иҷро шавад.
Дар як эъломияи ҳукумати Русия гуфта мешавад, ки занҳо наметавонанд 2 ҳазор навъи корҳоро анҷом диҳанд ва ин ихтисосҳо дар 35 соҳаи саноат вуҷуд дорад. Инчунин 450 навъи кор ҳамчун “хатарнок” барои занҳо арзёбӣ шудааст.
Мунаққидон мегӯянд, ки ин навъи маҳдудиятҳои корӣ ба замони шӯравӣ бармегардад, вақте ҳукумати коммунистӣ он замон як қатор кору ихтисосҳоро барои занҳо номумкин унвон карда нақши занро бо оиладориву тарбияи фарзанд маҳдуд карда буд.
Максим Оленичев, вакили дифои Григорйева ба Радиои Озодӣ гуфт, ки пирӯзии онҳо дар додгоҳҳое, ки ду сол идома кардааст, “намунаи хеле муҳим аст”.
Ӯ гуфт, ки барои нахустин бор дар Русия як намояндаи ҷомеаи дуҷинсаҳо тавонист дар баробари қонуни кор аз худ дифо кунад. Ксения Михайлова, як ҳуқуқшиноси созмони ҳомии ҳуқуқи ҳамҷинсгароҳо “Выход“гуфт, ки қарори имрӯзаи додгоҳ ба аъзои дигари ин ҷомеа дар мубориза бо табъизи иҷтимоӣ мусоидат мекунад.