Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳизби "Ликуд"-и Натаняҳу дар интихоботи Исроил пешсаф аст


Шумориши 96 дарсади баргаҳои раъй нишон дод, ки ҳизби "Ликуд"-и сарвазири Исроил Бинямин Натаняҳу дар интихобот пешсаф аст. Ин ҳизб дар Кнессет ё маҷлиси Исроил соҳиби 37 курсӣ шудааст.

Эътилофи мухолифи "Кахол-Лаван" бо роҳбарии сардори Ситоди кул Бенӣ Гантс соҳиби 36 курсӣ шуд. Дар ин бора хабаргузории Reuters бо такя ба шабакаҳои телевизиони Исроил хабар дод. Бино бар таҳлилҳо, "Ликуд" ва ҳизбҳои муттаҳидаш аз 120 курсӣ 65-торо дар порлумони Исроил соҳиб мешаванд.

Иттилои муқаддамоти нишон медиҳад, ки 61 дарсади сокинони ҳаққи раъй дар интихобот ширкат кардаанд. Ин нишондод нисбат ба интихоботи соли 2015 камтар аст.

Натаняҳу аз соли 2009 ба ин тараф ҳукумати Исроилро роҳбарӣ мекунад. Сарфи назар аз шуруи пажуҳиши ҷиноӣ нисбати Натаняҳу, вай аз маъруфияти зиёде бархурдор аст. Натаняҳу ҳамчунин аз сӯи ҳукумати Доналд Трамп пуштибонӣ мешавад.

Дар ҳоли ҳозир эҳтимоли ба фасодкорӣ муттаҳам шудани Натаняҳу мавҷуд аст.

XS
SM
MD
LG