Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

МТС аз Туркманистон $1,5 млрд ҷуброн талаб дорад


Ширкати мобилии МТС аз Туркманистон шикоят кард ва аз ин кишвар 1,5 миллиард доллар ҷуброн талаб дорад. Дар ин бора хабаргузории Интерфакс иттилоъ додааст.

Моҳи июли соли 2018 ширкати мазкур ба Маркази байналхалқии танзими баҳсҳои сармоягузории назди Бонки ҷаҳонӣ шикоят бурд. Ин ширкат мақомоти Ишқободро дар иҷборан рондани намояндагиаш аз Туркманистон айбдор кард. Ширкат зери фишорҳои мақомоти Туркманистон маҷбур шуда буд, ки фаъолияташро дар он кишвар қатъ кунад. Як сол пеш ширкат ҳаҷми зиёни расонидаи мақомоти Туркманистонро 750 миллион доллар баровард мекард, ҳамакнун даъвои 1,5 миллиард долларро дорад.

Ширкат мегӯяд, дар пайи "баҳогузории мустақилона", ки ахиран баргузор шуд, ба чунин натиҷа расидааст.

Хизматрасонии ширкати МТС дар Туркманистон 29 сентябри соли 2017 қатъ шуд.

Он замон Дмитрий Солодовников, сухангӯи ширкати МТС дар Москва хабар дод, ки Ишқобод қарордод бо ширкатро тамдид накард.

Ба иттилои МТС, замони қатъи фаъолияти ширкат дар Туркманистон шумори муштариҳои он ба 1 миллиону 700 ҳазор мерасид.

XS
SM
MD
LG