Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокуниши Эрон ба "террористӣ" хондани Сипоҳи посдорон


Як рӯз пас аз он, ки Амрико Сипоҳи посдорони Инқилоби исломиро дар феҳристи "созмонҳои террористӣ" қарор дод, мақомоти Эрон ба он вокуниши тунд нишон доданд. Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико рӯзи душанбеи 8-уми апрел Сипоҳи посдорони Инқилоби исломии Эронро дар феҳристи "созмонҳои террористии хориҷӣ" қарор дод

Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон рӯзи сешанбеи 9-уми апрел гуфт, ки "Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо террорист хондани Сипоҳи Посдорони мехоҳад кина ва шикасти худ алайҳи миллати Эронро ҷуброн кунад".

Оқои Рӯҳонӣ дар паёми телевизионии худ ин иқдоми Вашингтонро "иштибоҳ" хонд ва гуфт, ки худи Амрико "раҳбари воқеии терроризми ҷаҳонӣ" аст. Вай иддао кард, ки Амрико мехоҳад, гурӯҳҳои террористиро ҳамчун абзоре алайҳи кишваҳои минтақа истифода барад.

Муҳсин Ризоӣ, дабири Маҷмааи ташхиси маслиҳати низом низ дар сафҳаи шахсии худ дар "Твиттер" дар вокуниш ба ин амалкарди Амрико гуфт, "оқои Трамп, бо ин ҳисоб ба киштиҳоятон бигӯ, аз паҳлӯи қаиқҳои Сипоҳ убур накунанд".

Алӣ Лориҷонӣ, раиси порлумони Эрон низ аз Амрико интиқод кард ва ин иқдоми Амрикоро "нишондиҳандаи амиқи кинаварзӣ ва ҷаҳолати ин режим донист".

Трамп Сипоҳи посдорони Эронро террористӣ хонд

Президенти Амрико рӯзи душанбе дар баёнияе, ки ба муносибати террористӣ эълон кардани Сипоҳи посдорон нашр кард, гуфт, "имруз, ман расман барномаи ҳукуматам барои муаррифии Сипоҳи посдорони Инқилоби исломӣ, аз ҷумла Нерӯҳои Қудсро ба пояи қисми 219-и Қонуни муҳоҷират ва амният, ба унвони созмони террористӣ эълом мекунам".

Вай афзуд, "ин кор, ки тавассути вазорати хориҷӣ сурат гирифт, баёнгари ин воқеият аст, ки Эрон на танҳо як кишвари пуштибони терроризм, балки Сипоҳи посдорони Инқилоби исломӣ фаъолона дар таъмини молӣ ва тарғиби терроризм ҳамчун аброзе ҳукуматдорӣ иштирок дорад". Ба гуфтаи раиси ҷумҳури Амрико, "Сипоҳи посдорон абзори аслии ҳукумати Эрон дар амалӣ кардани корзори байналмилалии терроризм аст".

Оқои Трамп гуфт, "ин нахустин бор аст, ки Амрико бахши дигаре аз ҳукумати Эронро дар феҳристи террористии вазорати хориҷӣ қарор медиҳад. Ва баёнгари ин ҳақиқат аст, ки амалкардҳои Эрон асосан аз дигар кишварҳо фарқ мекунад".

"Ин тасмим паёми рушане ба Теҳрон аст, ки ҳимояташ аз терроризм оқибатҳои ҷиддӣ дар пай хоҳад дошт. Мо ба фишори молии худ бинобар пуштибониаш аз фаъолиятҳои террористӣ, то вақте, ки аз рафторҳои бадхоҳона ва саркашонааш даст бардорад, идома медиҳем",-афзуд оқои Трамп

Тасмими Доналд Трамп дар остонаи солгарди хуруҷи ин кишвар аз созиши ҳастаии шаш қудрати ҷаҳонӣ бо Эрон ва сахттар шудани таҳримҳои нафтӣ, киштиронӣ ва бонкӣ аст, ки паёмадҳои манфии густурда бар иқтсоди Эрон доштааст.

Чанд соат пеш аз баёнияи раиси ҷумҳури Амрико, Майк Помпео, вазири умури хориҷии он кишвар низ гуфт, ки ин як гоми муҳим барои муқобила бо "терроризми режими Эрон" аст ва "мо ба мардуми Эрон кӯмак мекунем, то озодии худро дубора ба даст оваранд". Вай ҳамчунин ба ҳама бонкҳо ва тарафҳои тиҷоратӣ бори дигар дар бораи оқибатҳои муомила бо Сипоҳи посдорон пас аз тасмими Вашингтон, ҳушдор дод.

Вокуниши қаблии мақомҳои Эрон

Пеш аз эъломи тасмими Вашингон, Муҳаммадалӣ Ҷаъфарӣ, фармондеҳи куллии Сипоҳи посдорон таҳдид кард, ки Эрон даст ба интиқом хоҳад зад ва "артиш ва нерӯҳои Амрико дар минтақаи ғарби Осиё аз оромиши имрӯз бархӯрдор нахоҳанд буд". Муҳаммадҷавод Зариф, вазири умури хориҷии Эрон низ гуфта буд, ки тасмимҳои эҳтимолии Амрико дар ин бора, "паёмадҳое" барои нерӯҳояш дар минтақа дар пай хоҳад дошт.

Як вакили Маҷлиси Эрон рӯзи 6-уми апрел гуфт, Ҷумҳурии Исломӣ дар посух низомиёни Амрикоро ба рӯйхати террористон ворид хоҳад кард. "Агар Сипоҳи посдорон ба рӯйхати созмонҳои террористии Амрико шомил шавад, мо нерӯҳои мусаллаҳи он кишварро дар қатори ДИИШ дар феҳристи сиёҳ ҷой хоҳем дод", -навиштааст Ҳашматулло Фалоҳатпеша, раиси Кумитаи амнияти порлумони Эрон дар "Твиттер".

Сипоҳи посдорон чӣ нерӯест?

Идораи таҳқиқотии Конгресси Амрико мегӯяд, Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон, ки ҳудуди 100 ҳазор нерӯ дорад, барномаи мушакҳои баллистикии Теҳронро пеш мебарад.

Нерӯҳои Қудс, шохаи Сипоҳи посдорон муттаҳам мешавад, ки амалиёти хориҷиро дар Ховари Миёна раҳбарӣ мекунанд ва интиқоли силоҳ барои шибҳинизомиёни тарафдори Эрон дар Сурия, Ироқ, Лубнон ва гӯшаҳои дигари ҷаҳонро танзим менамояд.

Вазорати молияи Амрико пеш аз ин низ Нерӯҳои Қудсро дар соли 2007 ба иттиҳоми "ҳимоят аз терроризм" дар феҳристи сиёҳи худ қарор дода ва онро шохаи иҷроии сиёсатҳои Эрон дар ҳимоят аз терроризму гурӯҳҳои шӯришӣ дониста буд.

XS
SM
MD
LG