Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Туркманистон "шикор"-и кирокашҳо сар шудааст


Дар кӯчаҳои шаҳри Ишқободи Туркманистон шумори кирокашҳои хусусӣ якбора кам шуд.

Расонаҳо навиштанд, ки ахиран дар шаҳри Ишқобод кормандони пулис кирокашҳои хусусиро манъ ва ҷарима кардаанд.

"Кормандони пулис дар роҳҳо "рейд" тартиб дода, кирокашҳои хусусиро пайдо мекунанд", - менависанд расонаҳо. Дар ҳоли ҳозир мошини даҳҳо ронанда бо ҷурми кирокашӣ ба таваққуфгоҳҳо интиқол дода шудааст.

Ин дар ҳолест, ки Искандар Муликов, вазири корҳои дохилии Туркманистон рӯзи 4 апрел аз президент танбеҳ шунида ва дастур гирифт, ки дар наздиктарин фурсат камбудиҳои ҷодоштаро ислоҳ кунад.

"Онҳое ки ҳаққи қонунии кирокаширо надоранд, бо машғул шудан ба ин навъи фаъолият тартиби ҳаракат дар роҳҳоро вайрон мекунанд ва боиси сар задани садамаҳо мегарданд", - гуфтааст Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, президенти Туркманистон дар ҷаласаи рӯзи 4 апрел.

Дар пайи камшавии кирокашҳои хусусӣ хизматрасонии таксӣ дар Ишқобод як бора гарон шудааст.

XS
SM
MD
LG