Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти собиқи Руминия дар ҷиноят алайҳи башарият муттаҳам шуд


Ион Илиеску
Ион Илиеску

Собиқ президенти Руминия Ион Илиеску барои нақшаш дар ошӯбҳои хунини соли 1989, ки баъди саркӯби режими диктатории коммунистии Николай Чаушеску рӯй дод, дар додгоҳе посух хоҳад дод. Илиескуи 89-сола дар ҷиноят алайҳи башарият муттаҳам мешавад. Додситони кулли Руминия Августин Лазар рӯзи 8 апрел дар Бухарест гуфт, ки “барои низоми додгустарии Руминия дар амри иҷрои ӯҳдадориҳояш дар назди таърих як лаҳзаи хеле муҳим фаро расидааст”.


Ба ҷавобгарӣ кашидани Илиеску ҳосили даҳсолаҳо тафтишоти ҷиноӣ аст, ки ба мухолифатҳои мақомот дар амри муҷозоти омилони ҳодисаҳои баъди саркӯби режими Чаушеску дар 22 декабри соли 1989 рӯбарӯ шуда буд. Илиеску дар оғози солҳои 1970-ум дар ҳукумати Чаушеску як вазир буд. Баъди қатли Николай ва Елена Чаушеску, Фронти наҷоти миллӣ ба раҳбарии Илиеску сари кор омад ва базудӣ дар нуқоти мухталифи кишвар маъруф шуд. Рӯзи 22 декабр, замоне, ки вазъият дар Руминия зери назари Илиеску гузашт, дар ошӯбҳо 862 нафар кушта шуд.

Илиеску баъди ин соли 1990 ва баъдан соли 1992 президент интихоб шуд ва соли 2000 то 2004 боз як мӯҳлати президентиро пушти сар кард. Илиеску дар он муттаҳам мешавад, ки “тавассути телевизион барқасдона иттилои нодуруст пахш карда” бо ин ҳарфҳояш боиси “афзоиши бебандубориҳо, кушторҳори беназм ва содир кардани амру дастурҳои низомии баҳсбарангез” шудааст.

XS
SM
MD
LG