Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

БОР афзоиши таваррум дар Туркманистонро пешбинӣ кардааст


Бонки осиёии рушд (БОР) дар гузориши ахири худ гуфтааст, ки соли равон ҳаҷми таваррум дар Туркманистон 9 дарсадро ташкил дода, рушди Маҷмуи тавлидоти дохилӣ (МТД) 6 дарсад пешбинӣ мешавад.

Дар гузориши солонаи БОР -- "Шохиси рушди Осиё дар соли 2019" ба ҳукумати Туркманистон тавсия шудааст, ки дар бахши имтиёзҳои худ бо назардошти таъсири онҳо ба бахши иҷтимоӣ ислоҳот гузаронад.

БОР мегӯяд, дар Туркманистон бахши хидматрасонӣ дар соли 2017 то ба 7,9% ва дар соли 2018 то ба 6,8% поин рафтааст. Ҳамчунин рушди соҳаи кишоварзӣ ба далели номусоидии боду ҳаво ва таъсираш ба ҳосили гандуму пахта дар соли 2017 5,9% ва дар соли гузашта 4,8% буд.

"Сарфи назар аз он ки дар Туркманистон моҳи январи соли 2018 маош, нафақа ступендияи донишҷӯён то 10% бардошта шуд, болоравии сатҳи таваррум ва фарқ миёни қурби расмӣ ва ғайрирасмии доллар дар бозори сиёҳ бахши истеъмолии хусусиро заиф сохт", - афзудааст бонк.

Дар Туркманистон мушкилиҳои иқтисодӣ дар соли равон низ идома доранд. Барои намуна, хабарнигори Бахши туркмании Радиои Озодӣ ибтидои соли равон хабар дод, ки бархе аз тоҷирон дар пайи болоравии нархҳо ва камшавии савдо дуконҳои худро бастанд.

XS
SM
MD
LG