Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шукурҷон Зуҳуров аз ҳузури ДИИШ дар Афғонистон нигаронӣ кард


Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон рӯзи 8-уми апрел дар суханрониаш дар ҷаласаи 140-уми Иттиҳоди Ассамблеяи Байнипорлумонӣ дар Қатар аз вазъ дар шимоли Афғонистон ва ҳузури нерӯҳои гурӯҳҳои ҳаросафкан изҳори нигаронӣ кард.

Ба иттилои дафтари матбуоти Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон, Шукурҷон Зуҳуров дар суханронии худ гуфтааст, ки кишвараш бинобар мавқеи ҷуғрофӣ, чун кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ хатари терроризмро ба амнияти миллии худ бештар эҳсос мекунад.

Раиси порлумони Тоҷикистон дар идома гуфтааст, ки роҳ ёфтани гурӯҳи "Давлати исломӣ" вазъ дар минтақаро боз ҳам душвортар намудааст. Оқои Шукуров пешниҳод кардааст, ки ҳамкориҳо бо ҳукумати Афғонистон ва ҳамгироии минтақавӣ аз тариқи ҳамкории иқтисодӣ ва тиҷорат, бояд таҳким ёбад.

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон рӯзи 5-уми апрел дар раъси як ҳайати порлумонӣ ҷиҳати ширкат дар Ассамблеяи Иттиҳоди Байнипорлумонӣ ба Қатар рафт. Ин ҳамоиш аз таърихи 5 то 10 апрели соли ҷорӣ сурат мегирад. Ба гуфтаи Муҳаммадато Султонов, сухангӯи порлумони Тоҷикистон, ин аввалин сафари расмии раиси порлумони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ба ин кишвар аст.

XS
SM
MD
LG