Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мушовири собиқи Доналд Трамп раиси Бонки Ҷаҳонӣ шуд


 Дэвид Мэлпасс
Дэвид Мэлпасс

Муовини пешини вазири молияи Амрико дар умури байналмилалӣ Дэвид Мэлпасс раиси нави Бонки Ҷаҳонӣ интихоб шуд.

Ӯ дар ҷараёни интихоботи президентии соли 2016 мушовири Доналд Трамп буд ва дар музокироти маъмурияти Трамп бо Чин ҳангоми "ҷанги тиҷоратӣ" низ нақши фаъол доштааст.

Мэлпасс аз рӯзи 9-уми апрел ба ҳайси роҳбари нави Бонки Ҷаҳонӣ корро оғоз мекунад. Ӯ ба ин мақом барои панҷ сол интихоб шудааст.

Раҳбари нави Бонки Ҷаҳонӣ гуфт, ки мубориза бо камбизоатӣ дар кишварҳои фақири дунёро идома хоҳад дод.

Бонки Ҷаҳонӣ соли гузашта ба тарҳҳои гуногун беш аз 20 миллиард доллар додааст. Аксари ин тарҳҳо ба ҳифзи муҳити зист ва истеҳсоли "энережии сабз" равона шудаанд.

Бонки Ҷаҳонӣ бо Тоҷикистон ва кишварҳои дигари пасошӯравӣ низ ҳамкорӣ дорад. Ин бонк ба Тоҷикистон миллионҳо доллар қарз дода ва кумак кардааст.

Дэвид Мэлпасс дар замони муовини вазири молияи Амрико буданаш аз қарзҳои Бонки Ҷаҳонӣ ба Чин ва Бразилия танқид карда буд. Ӯ гуфта буд, ки иқтисодҳои бузург мушкили молиашонро бояд худ ҳал кунанд.

XS
SM
MD
LG