Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дабири кулли СММ "бо дили ғамгин" Либияро тарк кардааст


Антонио Гуттереш
Антонио Гуттереш

Антонио Гуттереш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, гуфт, ки ин созмон метавонад як роҳи ҳалли сиёсиро ба буҳрони Либия пайдо кунад.

Гуттереш рӯзи 5-уми апрел гуфт, бо дили ғамгин Либияро тарк мекунад. Ӯ дар суҳбат бо хабарнигорон афзуд, "ман аз Либия бо дили пур ва нигаронии амиқ меравем. Ман ҳанӯз умед дорам, ки ҷилавгирӣ аз ҷангҳои хунин дар Триполи (Тароблус) ва атрофи он мумкин мебошад."

Антонио Гуттереш афзуд, Созмони Милали Муттаҳид ба қавли худ меистад, ки барои пайдо кардани роҳи ҳалли сиёсӣ ба Либия кумак мекунад. Бино ба гузоришҳо, Гуттереш дар шаҳри Бенғозии Либия бо Халифа Ҳафтар, фармондеҳи шинохтаи ин кишвар мулоқот кардааст.

XS
SM
MD
LG