Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА Сипоҳи посдоронро ба рӯйхати созмонҳои террористӣ ворид кард


Муҳаммад Боқирӣ, фармондеҳи Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон
Муҳаммад Боқирӣ, фармондеҳи Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон

Расонаҳои Амрико гузориш доданд, ки Иёлоти Муттаҳида сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эронро ба рӯйхати созмонҳои террористӣ ворид кард. Ин иқдом рӯзи 8-уми апрел амалӣ гашт.

  • Дар хабар омадааст, шоха ё қаноти хориҷии сипоҳи посдорони инқилоб (нерӯҳои Қудс) ва, инчунин, теъдоде аз ашхосу ниҳодҳои марбут ба ин созмон шомили рӯйхати гуруҳҳои террористӣ хоҳанд шуд, на тамоми нерӯҳои сипоҳ.
Ҳасан Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон, гуфтааст, шомил кардани Сипоҳи посдорони инқилоб ба рӯйхати сиёҳ “хато андар хато” хоҳад буд.

Коршиносон мегӯянд, сипоҳи посдорони инқилоб ба ҷуз аз назорати меъёрҳои шариат ва фишор болои дигарандешон дар кишвар, дар амалиёти махфӣ, қочоқи силоҳ ва талошҳои дигар барои афзоиши нуфузи Эрон дар хориҷ низ ширкат мекунад. Ин созмон мустақим ба раҳбари олии Эрон Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ ҷавоб мегӯяд.

Нашрияи The Wall Street Journal навишт, Ҷон Болтон – мушовири амнияти миллӣ ва Майк Помпео – вазири корҳои хориҷии Амрико аз тарафдорони ин иқдоманд.

Онҳо таъкид кардаанд, ки ин ҳаракати Амрико метавонад тиҷорати сипоҳи посдоронро дар Аврупо ва минтақаҳои дигар боздорад. Аммо мунтақидон ва иддае аз мақомҳои Вазорати мудофиаи Амрико мегӯянд, ин тасмим шояд заминаеро фароҳам орад, ки "кишварҳои душман" зидди мақомҳои низомӣ ва истихборотии Иёлоти Муттаҳида аз иқдоми ба ин монанд кор гиранд.

Рӯзномаи The Wall Street Journal мегӯяд, генерал Ҷозеф Данфорд, раиси ситоди муштараки нерӯҳои мусаллаҳи Амрико мухолифи ин тасмим аст, аммо шарҳе дар ин бора надодааст.

Ҷозеф Данфорд
Ҷозеф Данфорд

Мақомҳои эронӣ дар дафтари Созмони Милали Муттаҳид ҳам дар ин робита ҳеч шарҳ надодаанд. Ворид кардани сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон ба рӯйхати созмонҳои террористӣ аз тарафи Иёлоти Муттаҳида чанд сол ба ин сӯ пешбинӣ мешуд.

Як вакили Маҷлиси Эрон рӯзи 6-уми апрел гуфт, Ҷумҳурии Исломӣ дар посух низомиёни Амрикоро ба рӯйхати террористон ворид хоҳад кард. “Агар Сипоҳи посдорон ба рӯйхати созмонҳои террористии Амрико шомил шавад, мо нерӯҳои мусаллаҳи он кишварро дар қатори ДИИШ дар феҳристи сиёҳ ҷой хоҳем дод”, - навиштааст Ҳашматулло Фалоҳатпеша, раиси Кумитаи амнияти порлумони Эрон дар Твиттер.

Дар ҳамин ҳол, Ҳасан Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон, гуфтааст, шомил кардани Сипоҳи посдорони инқилоб ба рӯйхати сиёҳ “хато андар хато” хоҳад буд.

Ҳасан Рӯҳонӣ
Ҳасан Рӯҳонӣ

Рӯзномаи The Wall Street Journal аз қавли Ҷейсон Блазакис, ки то соли пеш ба ҳайси раиси идораи молӣ ва мубориза бо терроризми Вазорати умури хориҷии Амрико кор мекард, навишт, қабл аз ин ҳам зидди ин созмон таҳрим ҷорӣ шуда буд.

Идораи таҳқиқотии Конгресси Амрико мегӯяд, Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон, ки ҳудуди 100 ҳазор нерӯ дорад, барномаи мушакҳои баллистикии Теҳронро пеш мебарад.

Нерӯҳои қудс, шохаи сипоҳи посдорон, ки амалиёти хориҷиро дар Ховари Миёна ташкил мекунанд, интиқоли силоҳ барои шибҳинизомиёни тарафдори Эрон дар Сурия, Ироқ, Лубнон ва гӯшаҳои дигари ҷаҳонро танзим менамояд.

Вазорати молияи Амрико пеш аз ин низ нерӯҳои қудсро дар соли 2007 ба иттиҳоми “ҳимоят аз терроризм” дар феҳристи сиёҳи худ қарор дода ва онро шохаи иҷроии сиёсатҳои Эрон дар ҳимоят аз терроризму гурӯҳҳои шӯришӣ дониста буд.

XS
SM
MD
LG