Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гуфтугӯи ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар Душанбе оғоз шуд


Азим Иброҳим ва Ҷениш Раззоқов. Акс аз бойгонӣ
Азим Иброҳим ва Ҷениш Раззоқов. Акс аз бойгонӣ

Музокироти ҳайатҳои расмии Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи 6-уми апрел дар Душанбе ва пушти дарҳои баста оғоз шуд. Интизор меравад, дар музокирот масъалаи таъйин ва аломатгузории марзи ду кишвар баррасӣ шавад.

Тоҷикистон бо Қирғизистон беш аз 970 километр марз дорад ва аз ин ҳисоб беш аз 470 километри он муайян ва аломатгузорӣ нашудааст. Ҳамин номуайянӣ сари чанд вақт боис ба даргирии сокинони ду тарафи сарҳад мешавад.

Ҳайати Қирғизистонро дар музокироти Душанбе Ҷениш Раззоқов, муовини нахуствазири он кишвар раҳбарӣ мекунад. Аз ҷониби Тоҷикистон Азим Иброҳим, ноиби сарвазир музокирот мебарад.

Хабарнигори Радиои Озодӣ аз назди Китобхонаи миллии Тоҷикистон, маҳалли баргузории музокирот гуфт, вохӯрӣ соати 10 шуруъ шуд. Аммо Азим Иброҳим ва ҳамтои қирғизаш Ҷениш Раззоқов пеш аз оғози музокирот аз суҳбат бо рузноманигорон худдорӣ карданд.

Мақомот барои мушоҳида аз ҷараёни музокирот низ хабарнигоронро роҳ надоданд. Қарор аст, музокирот то рӯзи дигар давом кунад.

XS
SM
MD
LG