Додгоҳи ҳарбии гарнизони Душанбе ба баррасии парванди гурӯҳи сарбозоне шурӯъ кардааст, ки барои “шикояти бардурӯғ” нисбати як афсар гумонбар дониста мешаванд. Дар бораи шурӯи мурофиаи додгоҳӣ рӯзи 4 апрел вебсайти расмии додгоҳи ҳарбии горнизони Душанбе хабар дод, вале маълум нест, ки мурофиа кай оғоз шудааст.
Биноба иттилои ин додгоҳ, 9 сарбози қисми ҳарбии 42660 -и Баталиони ҳарбии кишоварзӣ бо моддаи “Дидаю дониста расонидани хабари бардурўғ” айбдор дониста мешаванд. Дар шарҳи хабар омадаст, ки ин гурӯҳи сарбозон алайҳи як раҳбари қисми низомии худ барои “латукӯб ва рафтори ғайриоинномавӣ” шикоят карда, баъдан иқрор шудаанд, ки “ин фақат як туҳмат буд”.
Биноба иттилои додгоҳи ҳарбӣ, пурсишҳои аввали сарбозон дар мурофиаи сайёр дар ҳузури тамоми сарбозони қисми низомӣ баргузор шудааст.
Маҳмадалӣ Рустамзода, додраси ин парванда рӯзи 5 апрел дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, пурсишҳо маълум кардааст, ки сарбозон барои ба дигар қисми низомӣ интиқол ёфтан алайҳи афсари худ дар қисми низомӣ шикоят карда гуфтаанд, ӯ онҳоро латукуб ва аз салоҳиятҳои худ берун шуда, оинномаи қисми низомиро риоя намекард.
Рустамзода гуфт, ки вақте нисбати афсари қисми низомӣ парванда боз шуд, дар ҷараёни таҳқиқи он сарбозон аз шикояти худ даст кашидаанд. Ҳоло парвандаи афсаре, ки алайҳаш шикоят шуда буд, қатъ гардида ӯ дар мурофиаи нав ба ҳайси ҷабрдида баромад мекунад ва дар курсии айбдорӣ сарбозон нишастанд.
Рӯзи 5 апрел имкони пайдо кардани худи сарбозон ваё наздикони онҳо даст надод. Бар асоси иттилои дарёфтӣ, онҳо дар озодӣ мебошанд.
Додгоҳи ҳарбии шаҳри Душанбе дар ҳоле ба баррасии мурофиаи додгоҳии гурӯҳи сарбозон шурӯъ кардааст, ки ҳодисаҳои ба ҷавобгарӣ кашидани низомиён дар Тоҷикистон кам иттифоқ меафтад. Масъулини додгоҳи ҳарбӣ ва ҳам ҳомиёни ҳуқуқи сарбозон аз ҷумла намояндагони Дафтари Озодиҳои шаҳрвандӣ мегӯянд, чунин мурофиаҳо дар таҷрибаи кории онҳо камсобиқа аст.
Шикоят аз бадрафторӣ ва латукӯб дар қисмҳои низомии Тоҷикистон ҳарфи нав нест, аммо маъмулан чунин шикоятҳо аз ҷониби волидони сарбозон ва танҳо пас аз содир шудани ягон ҷинояте нисбати онҳо ба додгоҳ мерафт.
Дилрабо Самадова, ҳуқуқшиноси Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ, як созмони ҳомии ҳуқуқи башар, мегӯяд, бояд ин қазия хуб таҳқиқ ва муайян шавад, ки оё сарбозон зери фишор аз шикояти худ даст кашидаанд ё на. Ин созмон пешниҳод дорад, ки дар сурати аз дохили қисми низомӣ шикоят кардани сарбоз ӯ бояд то замони ниҳоӣ шудани парванда ба ҷойи дигаре гузаронида шавад. Дилрабо Самадова таъкид мекунад, ки ин барои шафоф анҷом шудани тафтишот муҳим аст. Дар акси ҳол ба гуфтаи ин ҳомии ҳуқуқ бо хоҳиши худ аз шикоят даст кашидани сарбозон мавриди шубҳа қарор мегирад ва эҳтимол дорад сарбоз таҳти фишор ин корро кунад.
Дар Баталиони ҳарбии кишоварзӣ, ки ҳоло 9 сарбоз барои шикояти бардуруғ алайҳи афсари қисми низомии худ ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд, ба Радиои Озодӣ гуфтанд сарбозони гумонбар, аз замони шикояташон то ҳанӯз дар ҳамон қисми ҳарбӣ қарор доранд ва ҷойи дигар интиқол наёфтаанд.
Дар Тоҷикистон бадрафторӣ бо сарбозон дар сафи нерӯҳои мусаллаҳ як мушкили ҷиддӣ боқӣ мемонад. Аз соли 2014 ба ин сӯ созмони Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ ҳадди ақалл 8 ҳодисаи марг дар артишро сабт кардааст.