Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шикоят аз "Сбербанк"-у "Western Union" барои кӯмак ба ҷудоихоҳони украинӣ


Намояндаии "Сбербанк" дар Украина
Намояндаии "Сбербанк" дар Украина

Хонаводаи танҳо амрикоие, ки соли 2014 дар ҳодисаи суқут додани ҳавопаймои MH17-и Малайзия кушта шуд, аз болои ду бонки русӣ ва ширкатҳои амрикоии интиқолдиҳандаи пул ба додгоҳ шикоят карда хостааст, ки онҳоро барои ироаи хадамот ба ҷудоиталабони украинии рӯ ба Русия муҷозот кунад.

Шикояте, ки рӯзи 4 апрел ба додгоҳи федеролии Амрико аз ҷониби оилаи Куинн Лукас Шансман ворид шуд, "Сбербанк", VTB Bank ва хадамоти интиқоли пули Western Union Co., Western Union Financial Services, MoneyGram International ва MoneyGram Payment System-ро ном бурдааст. Дар ин шикоят гуфта шудааст, ки дар марги Шансмани 18-сола ин ширкатҳои молӣ ҳам гунаҳгоранд. Дар шикоят “аз хисорот” гуфта мешавад, вале мушаххасан зикр намешавад, ки манзур кадом навъи хисорот аст.

Ҳавопаймои MH17, ки марбут ба Малайзия мебошад, рӯзи 17 июли соли 2014 ҳангоми убур аз ҳарими ҳавоии минтақаи ҷангии Донетски Украина суқут дода шуд. Дар натиҷа, ҳамаи 298 мусофири дохили ҳавопаймо кушта шуданд. Таҳқиқи муштараки мақомоти Ҳолланд, Австралия, Белгия, Малайзия ва Украина ба хулосае омад, ки ба ҳавопаймои мусофирбар бо мушаки навъи Бук суқут дода шуд ва ин мушак аз қаламрави ҷудоиталабони таҳти назари Русия партоб шудааст.

XS
SM
MD
LG