Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раззоқов вакилонро барои иттиҳоми “ҷосусӣ” ба додгоҳ мекашад


Ҷениш Раззоқов (нафари дувум аз тарафи чап)
Ҷениш Раззоқов (нафари дувум аз тарафи чап)

Ҷениш Раззоқов, муовини нахуствазири Қирғизистон, гуфт, ки зидди вакилони порлумони ин кишвар ба додгоҳ шикоят хоҳад кард. Ӯ дар ин бора рӯзи 4-уми апрел дар суҳбат бо шабакаи “Говори” иттилоъ дод.

Қаблан вакилони порлумони Қирғизистон Ҷениш Раззоқовро ба ҳамкорӣ бо мақомоти амниятии Тоҷикистон муттаҳам карда буданд.

Ҷениш Раззоқов гуфт, ин иттиҳом, ки аз минбари порлумон садо дод, натанҳо ӯ, балки наздикон ва дӯстонашро низ “таҳқир мекунад”.

“Мо онро дурӯғ медонем. Аммо баъзе одамон онро асос карда, дар мавриди хулосаи нодуруст мебароранд. Албатта, инро дар додгоҳ баҳс мекунем”, - афзуд ӯ.

Рӯзи 20-уми марти имсол вакилон аз хадамоти махсуси ин кишвар хостанд, ки ба таҳқиқи хабарҳо дар атрофи номи Ҷениш Разоқов оғоз кунанд. Вакилони порлумони Қирғизистон гуфтанд, гуё “гумоштаи Тоҷикистон” будани Ҷениш Раззоқовро аз навиштаҳои васоити ахбори Тоҷикистон хондаанд.

Матбуоти Қирғиғистон навишт, соли 2016 вебсайти e-tadjikistan.org иддао карда буд, гӯиё Раззоқов замони раҳбари вилояти Ботканд будан, дар солҳои 2010, “ба ивази пули калон ба ҷониби Тоҷикистон маълумоти ҷосусӣ медод”. Аммо феълан чунин вебсайт дар интернет вуҷуд надорад.

Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон низ баъди анҷоми тафтиш гуфт, ин хабар тасдиқи худро наёфт.

XS
SM
MD
LG