Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон дар Бодғис 20 сарбоз ва маъмури пулисро куштаанд


Мақомоти Афғонистон мегӯянд, ҷангҷӯёни Толиб дар як ҳамла ба вилояти Бодғис камаш 20 сарбоз ва маъмурони пулисро куштаанд.

Абдулазиз Бег, раиси Шӯрои вилояти Бодғис гуфт, Толибон бомдоди 4-уми апрел ба чанд посгоҳи амниятӣ дар наздикии қароргоҳи ҳукумати ноҳияи Болои Мурғоб ҳамла бурда ва қисми зиёди қаламрави ноҳияро тасарруф кардаанд.

Абдулазиз Бег афзудааст, ки танҳо идораи пулиси ноҳия ва пойгоҳи артиши миллии Афғонистон дар ихтиёри нерӯҳои давлатӣ мондаанд.

Ҷамшед Шаҳобӣ, сухангӯи раиси ҳукумати Бодғис, гуфт, нисфирӯзии 4-уми апрел ҷанги сахт бо Толибон идома дошт ва нигаронӣ ин аст, ки талафот дар байни нерӯҳои давлатӣ мумкин зиёдтар шавад.

Толибон масъулияти ҳамларо ба дӯш гирифтанд. Муҳаммадназир Назарӣ, як узви шӯрои вилоятӣ гуфтааст, агар ҳукумат барои муқовимат бо ҷангҷӯёни Толиб нерӯҳои иловагӣ нафиристад, мумкин аст, онҳо пойгоҳи артиш ва идораи пулисро ҳам бигиранд.

Се ҳафта пештар аз ин дар натиҷаи ҳамлаи Толибон ба ноҳияи Болои Мурғоб ва ҷанги якҳафтаина байни ду тараф 50 сарбози афғон кушта шуданд. Муҳаммадназар Назарӣ гуфт, беш аз сад сарбози афғон зери фишори ҷангҷӯён посгоҳҳои худро гузошта, хостаанд, ба Туркманистон гурезанд, вале нерӯҳои туркман монеи вуруди онҳо шуданд. Дар натиҷа, ба қавли ӯ, Толибон аксари ин сарбозонро асир гирифтаанд.

XS
SM
MD
LG