Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Садҳо хона дар Туркманистон аз обхезӣ осеб дид


Дар ҷанубу шарқи Туркманистон наздики 700 хона аз обхезӣ осеб дидааст. Дар ин бора расонаҳои маҳаллӣ хабар доданд.

"Дар ноҳияи Тахтабозор наздики 700 хона осеб дид. Танҳо дар маркази маъмурии вилоят бештар аз 300 хона зиён дидааст, ки аз ин шумор 70 манзил комилан тахриб шуд", - хабар дод як расонаи маҳаллӣ.

"Об рафтааст, аммо лой то зону боқӣ мондааст. Мақомоти маҳаллӣ чорае намеандешанд", - навиштанд расонаҳо.

Дар ноҳияи Тахтабозор рӯзи ҷумъаи гузашта сел омад.

Ноҳияи Тахтабозор дар наздикии марзи Афғонистон ҷойгир аст. Обхезие, ки дар пайи боридани борон сар зад, як қисми ноҳияҳои Афғонистону Эронро ҳам тахриб кард ва даҳҳо одамро кушт.

XS
SM
MD
LG