Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Матбуот: Марди тоҷике дар лаҳзаҳои истирдод аз Екатеринбург даргузашт


Фурудгоҳи Колтсовои Екатеринбург
Фурудгоҳи Колтсовои Екатеринбург

Марди тоҷике, ки бар асоси қарори истирдоди додгоҳ қарор буд тавассути ҳавопаймои Екатеринбург-Душанбе ба Тоҷикистон парвоз кунад, дучори сактаи қалбӣ шуда даргузашт. Дар ин бора вебсайти хабарии www.e1.ru хабар медиҳад. Дар хабар омадааст, ки дар фурудгоҳи шаҳри Екатеринбург судиҷрочиҳо ба утоқи тиббии фурудгоҳи Колтсово муроҷиат карда хостанд, ёрии таъҷилиро барои кӯмак ба як сокини 47-солаи Тоҷикистон даъват кунанд.

Дафтари матбуоти фурудгоҳ гуфтааст, ки табибон ба ин мард ёрии тиббӣ расонида ӯро ба як бемористони шаҳр интиқол доданд, вале дар роҳ ба бемористон ин мард дучори сактаи қалбӣ шуда даргузашт.

Судиҷрочиҳо гуфтанд, ки ин мард бо қарори додгоҳ бояд истирдод мешуд, вале лаҳзаҳои супурдани ин мард ба ихтиёри марзбонон, ҳолаш бад шуд. Қарори истирдоди ӯ ба Тоҷикистон рӯзи 2 апрел содир шуд. Исми ин шаҳрванди Тоҷикистон ошкор намешавад.

Ҳомиёни ҳуқуқ мақомоти Русияро барои он интиқод мекунанд, ки аз роҳи шадидтар кардани қонунҳои муҳоҷират, шароити будубоши қонунии коргарони хориҷиро сангинтар кардаанд. Ҳоло барои содир кардани ду ва зиёда ҷиноятҳои ба қавли онҳо маъмурӣ, мисли напардохтани пули телефон ё истгоҳи мошин дар ҷои манъшуда, парвандаи онҳо “сиёҳ” мешавад ва баъди истирдоди ӯ ба ватан давоми 5 сол ҳақи бозгашт ба Русияро аз даст медиҳанд. Русия барои беш аз як миллион шаҳрванди Тоҷикистон макони аслии даромад ва дарёфти рӯзии оилаҳояшон шудааст.

Мақомот дар Екатеринбург мегӯянд, ки соли 2018 аз қаламрави Свердловск дар маҷмӯъ 2100 муҳоҷири хориҷиро истирдод карданд. Аксари онҳо, яъне 1749 нафар бо пули худ, яъне 6,5 миллион рубл маблағ билет харида ба ватанашон парвоз карданд.

Ахиран дар Русия пешниҳоди аз ҳисоби худи депоршавандаҳо парвоз кардани онҳо ба ватан баррасӣ мешавад. Дар маҷмӯъ соли 2018 аз Русия 6000 муҳоҷир ихроҷ шудааст.

XS
SM
MD
LG