Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқод аз ҳукумати Эрон дар пасманзари офатҳои табиӣ бештар мешавад


Шаҳри Пулдухтари Луристон
Шаҳри Пулдухтари Луристон

Нокомии мақомоти Эрон дар бархӯрд бо паёмадҳои офатҳои табиӣ ва ҷилавгирӣ аз қурбониҳои зиёди инсонӣ ва хисороти молӣ мавҷи интиқодҳоро ба бор овардааст. Дар паи чандин обхезиҳои шадиди ҳафтаҳои гузашта, ки бар асари боронгариҳои мудовом сар зад, даҳҳо нафар кушта шуда, садҳо деҳоту шаҳрҳо дар 20 минтақаи Эрон осеб диданд. Вилояти кӯҳии Луристон ва вилояти Хузистони нафткаш дар ин офатҳо хисороти бештар диданд ва манзили садҳо нафар хароб ва нобуд шуд. Радио Фардо, бахши форсии Радиои Озодӣ рӯзи 3 апрел гуфт, ки марги 60 нафар тасдиқ шудааст ва ҳанӯз бисёриҳо беному нишон мебошанд.

Сарим Ризоӣ, раиси созмони имдодрасони Салиби Сурхи Эрон гуфт, ки дар шаҳри Пулдухтари вилояти Луристон “як вазъияти фавқулодда бӯҳронӣ” эҷод шудааст. Аз рӯзи 1 апрел тамоми роҳҳои иртиботӣ ва тамос бо дасти кам 30 дарсади кишвар қатъ шудааст. Ин ҳолат норизоияти мардум ва ҳам эътироз ба ҳукуматро бештар мекунад, мегӯянд сокинон.

XS
SM
MD
LG