Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Русия қоидаҳои сабти номи муҳоҷиронро тағйир доданд


Шурӯъ аз моҳи март дар Русия барои муҳоҷирони корӣ муқаррароти нав ҷорӣ шуд. Сар аз 20-уми март муҳоҷирони корӣ дар Русия барои сабти ном вазифадоранд санадҳои зиндагонӣ дар манзиле, ки дар он иқомат доранд, пешниҳод кунанд. Агар манзилро корфармо фароҳам карда бошад, ба бастаи ҳуҷҷатҳои пешниҳодшаванда бояд номаи расмии раҳбари корхона изофа шавад. Чунин қоидаҳо дар қарори нави ҳукумати Федератсияи Русия аз 7-уми март зери шумораи №246 “Дар бораи ворид кардани тағйирот ба Қоидаҳои сабти номи шаҳрвандони хориҷӣ ва нафарони бе шаҳрвандӣ дар Федератсияи Русия” пешбинӣ шудаанд.

Як муҳоҷир аз Қирғизистон дар вокуниш ба ҷорӣ шудани муқарарроти нав гуфт, ки ин қоида ҳолати корҷӯёни хориҷиро боз ҳам сангинтар мекунад. Бермет, ки дар Маскав зиндагӣ мекунад, дар сӯҳбат бо бахши Қирғизии Радиои Озодӣ аввали ҳафтаи ҷорӣ гуфт:

«Қаблан кофӣ буд, ки якҷо бо шиносномаву корти муҳоҷиратиаш соҳиби хонаро гирифта ба шӯъбаи пулис биравӣ ва сабти номатро тамдид мекарданд. Ҳоло бошад талаб доранд ҳуҷҷатеро пешниҳод кунӣ, ки ҳаққи иқоматат дар ин манзилро собит месозад».

Корҷӯён мегӯянд, ки дар Русия соҳиби хона бо ин ки ба шаҳрванди хориҷӣ манзилашро иҷора медиҳад, дар сабтиноми ӯ ё регистрасия дар хонааш шитоб намекунад. Бисёри соҳибхонаҳо аз он ҳарос доранд, ки иҷорагири сабтиномшуда дар манзил метавонад барои манзил даъво кунад. Ҳақи регистратсия дар манзил ҷудогона харидуфурӯш мешавад ва матбуоти русӣ пайваста дар бораи сабтиномҳои тақаллубии даҳҳо нафар дар як суроғаи зист хабарҳо пахш мекунанд. Дар ин ҳолат, пеш аз ҳама муҳоҷирон азият мешаванд, ки собит кардани қонунмандии будубошашон дар Русия мушкил мешавад.

Валентина Чупик, ҳомии ҳуқуқи инсон аз Москва мегӯяд, ки қоидаҳои нав аллакай ба ҳукми иҷро даромад ва аз шаҳрвандони хориҷӣ талаби санаде мекунанд, ки дар куҷо ва барои чӣ зиндагӣ карданашонро собит кунад. Хонум Чупик аз эҳтимол дур намедонад, ки чунин навоварӣ дар қонунгузорӣ боиси пайдо шудани ҷанбаҳои нави фасодкорӣ шуда метавонанд:

“Ин қарор ба манзури мубориза бо нафароне қабул шуда буд, ки манзили худро ба иҷора дода, аз фоидаи он андоз намесупориданд. Гузашта аз ин, ин иқдом алайҳи нафароне равона шуда буд, ки бо шиносномаи русии худ дар манзилаш теъдоди зиёди одамонро сабти ном мекард, ҳарчанд ҳатто манзиле ҳам надошт. Чунин нафарон муҳоҷиронро дар суроғаи мухталиф сабти ном карда, фоидаи калонеро соҳиб мешуданд”.

Дар Русия ба ҳисобҳои мухталиф беш аз 10 миллион муҳоҷири корӣ зиндагиву кор мекунад ва беш аз як миллион нафари онҳо аз Тоҷикистон мебошанд. Русия пайваста қонунҳои муҳоҷираташро шадидтар мекунад ва мегӯяд, ки ҳадафаш ба танзим ва дар чаҳорчӯби қонун даровардани муҳоҷирати корӣ аст. Вале аз назари мунаққидон, як ҳадафи аслии ҳама тағйирот – пур кардани буҷаи давлат аз ҳисоби муҳоҷирон аст. Яке аз чунин муқаррароти аз назари муҳоҷирон сангин – талаби ҳатмии доштани патенти кор аст, ки бояд ҳармоҳа пардохт шавад ва аз муҳоҷирон харҷи барзиёдро талаб мекунад. Дар сурати сари вақт пардохт нашудани ҳақи патент, муҳоҷир бо муҷозоти маъмурӣ ва баъдан таҳдиди ихроҷ аз кишвар рӯбарӯ мешавад.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG