Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори ИМА ба Туркия дар бораи хариди системаи мушакӣ аз Русия. ВИДЕО


Майк Пенс, муовини раиси ҷумҳури Амрико ба Туркия ҳушдор додааст, ки бо харидории системаи мушакии S-400 аз Русия, ҷойгоҳи худ дар Паймони Атлантикаи Шимолиро (НАТО) ба хатар наандозад.

Майк Панс зимни суханронӣ дар маросиме ба муносибати 70-умин солгарди таъсиси НАТО гуфтааст, "Туркия бояд интихоб кунад, оё мехоҳад ҳамчунон як узви муҳим дар муваффақтарин паймони низомии таърихи ҷаҳон боқӣ бимонад, ё бо тасмимҳои орӣ аз масъулият, ки иттиҳоди моро зери суол мебарад, замонати узвият дар ин паймонро ба хатар биандозад."

Тайи ду соли ахир робитаҳои Туркия ва Русия беҳтар шудааст. Ин робитаҳо замоне бинобар ҷанги дохилии Сурия, ниҳоят бо таниш печида буд.

Дигар мақомҳои Амрико низ дар мавриди хариди системаи мушакии S-400 ба Туркия ҳушдор додаанд. Ҳоло ин ҳушдори мақоми амрикоӣ хеле ҷиддӣ ба назар мерасад, чун он дар нишасти аъзои НАТО ва ба таври рӯшан дар мавриди узвияти Туркия баён шудааст.

Мақомҳои амрикоӣ рӯзи 1-уми апрел гуфта буданд, ки Вашингтон дар вокуниш ба талошҳои Анқара барои хариди системаи русии S-400, фиристодани таҷҳизот барои ҳавопаймоҳои ҷангии F-35-ро ба Туркия, қатъ кардааст. ​

Туркия ҳам Амрикоро ба "таноқуз гуфтан" муттаҳам карда ва вазири умури хориҷии он кишвар гуфтааст, қарордоди хариди системаи мушакии S-400 ба амнияти Туркия рабт мегирад ва тағйир нахоҳад хӯрд.

Мавлуд Човушоғлу ва Майк Помпео.
Мавлуд Човушоғлу ва Майк Помпео.

Мавлуд Човушоғлу гуфтааст, пешниҳоди Амрико барои фурӯши системаи дифоии "Патриот" дар ин марҳила ба фоидаи Туркия нест. Човушлоғлу мегӯяд, "мо наметавонистем инро (системаи дифои ҳавоии Амрико) тайи 10 сол дошта бошем. Бинобар ҳамин, бояд аз Русия бихарем... ин як масъалаи ҳаётӣ аст. Мо хеле фаврӣ ба системаи мушакӣ дар Туркия ниёз дорем."

Фуод Октой, муовини раиси ҷумҳури Туркия низ дар "Твиттер"-и худ бори дигар масъалаи ҳимояти Амрико аз ниманизомиёни курд дар Сурияро матраҳ карда ва навиштааст, "Амрико бояд интихоб кунад, оё мехоҳад ҳамчунон "дӯст"-и Туркия боқӣ бимонад ё на".

Амрико иттиҳоми "террорист" будани ниманизомиёни курди Сурияро, ки ҳукумати Туркия матраҳ мекунад, рад карда ва таъкид менамояд, ки ин гурӯҳ нақши муҳиме дар мубориза бо гурӯҳи "Давлати исломӣ" доштааст.

Масъалаи ниманизомиёни курди Сурия, аз сӯи Майк Помпео низ матраҳ шудааст. Вазири умури хориҷии Амрико рӯзи чаҳоршанбеи 3-юми апрел зимни мулоқот бо ҳамтои туркаш Мавлуд Човушоғлу дар бораи паёмадҳои "вайронгар"-и чораҳои низомии Туркия дар минтақа ҳушдор додааст. Вазири хориҷии Туркия пеш аз ин мулоқот дар посух ба ин пурсиш, ки оё Амрико сиёсати муайяне дар Сурия дорад, гуфта буд, "на ва мушкил ҳам ҳамин аст".

Тайи ду соли ахир робитаҳои Туркия ва Русия аз гузашта беҳтар шудааст. Ин робитаҳо замоне бинобар ҷанги дохилии Сурия, ниҳоят бо таниш печида буд. Аммо ин ду кишвар дар ҳоли ҳозир машғули ҳамкориҳо дар мавриди Сурия ҳастанд. Ҳамчунин миёни ин ду кишвар тарҳҳои энержӣ, монанди бунёди хатти лӯлаи газ, низ матраҳ аст.

Аз сӯи дигар, чанде пеш хабаргузории "Рейтерз" дар гузориши таҳлилии худ бо таваҷҷуҳ ба ин, ки системаи мушакии S-400 қарор аст дар моҳҳои оянда ба Туркия дода шавад, навишт, Анқара асосан барои тағйир додани назари худ, фурсати зиёде надорад. Дар натиҷа имкони маневри дипломатӣ бисёр маҳдуд ва эҳтимоли таҳрими Туркия аз сӯи Амрико афзоиш меёбад.

Амрико ирсоли таҷҳизоти ҳавопаймои F-35 ро ба Туркия боздошт
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:35 0:00

XS
SM
MD
LG