Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сел дар Эрон 45 нафарро кушт ва 25 ҳазор хонаро вайрон кард


Як муассисаи имдодии Эрон мегӯяд, дар натиҷаи сел дар гӯшаҳои гуногуни кишвар 25 ҳазор хона вайрон шудааст ва бороне, ки борид, дар як даҳсолаи гузашта мушоҳида нашудааст.

Аз рӯзи 19-уми март то кунун дар натиҷаи фалокат 45 нафар ба ҳалокат расидаанд. Сел дар манотиқи васеъ дар шимол, марказ ва ҷануби Эрон ба вуқуъ пайваст ва рӯзҳои ахир ба навоҳии ғарбӣ ва шимолуғарбӣ паҳн шуд.

Бо назардошти пешбинии боронҳои сахт дар ду рӯзи оянда, мақомот ҳазорон сокини русто ва шаҳрҳоро ба минтақаҳои амн кӯч додаанд.

Ҳодӣ Дарвешӣ, муовини раиси Бунёди инқилобии маскан, ки ба раҳбарии олии Эрон итоат мекунад, рӯзи 1-уми апрел гуфт, дар натиҷаи омадани сел дар кишвар 25 ҳазор хона вайрон шуда, 60 ҳазор хонаи дигар осеб дидааст. Мақомот мегӯянд, ҳукумат ба осебдидагон ҷуброн пардохт мекунад.

XS
SM
MD
LG