Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марги раиси бозор дар боздоштгоҳи Тошканд


Шукруллохон Эргашеви 57-сола, раиси пешини бозори "Бек Тупӣ"-и шаҳри Тошканд рӯзи 30 март дар боздоштгоҳ фавтид. Бахши Узбекии Радиои Озодӣ рӯзи 1 апрел хабар дод, ки Эргашев дар доираи "парвандаи пиёз" боздошт шуда буд.

Додситонии кулли Ӯзбекистон хабар дод, ки Эргашев бо марги табиӣ фавтидааст.

"Вақтҳои охир вазъи сиҳатиаш бад шуда буд. Ибтидои моҳи феврал ӯро дар бемористони зиндон бистарӣ карданд. Шукур Эргашев аз бемории қанд ранҷ мекашид", - гуфт яке аз наздикони Эргашев.

Ин раиси пешини бозор тобистони соли гузашта боздошт шуд. Ӯро дар сӯистифода аз мақом ва азхудсозии маблағҳо айбдор мекарданд.

Ба иттилои мавҷуда, роҳбари бозори "Бек Тупӣ" қариб 2 тона пиёзро дар ивази 3,3 миллиард сӯм харидорӣ кардааст. Вай баъди чанде аз раисии бозор канор рафт. Ҷойнишини вай Ботир Тошматов низ дар айни ҳол яке аз гумонбарони "парвандаи пиёз" аст.

12 ноябри соли гузашта дар зиндони "Тоштюрма" Дилшод Абдуллоев, роҳбари пешини ҷамъияти саҳҳомии "Чилонзор буюм савдо комплексӣ" фавтид.

Ба иттилои тафтишот, Дишод Абуллоев дар боздоштгоҳ худкушӣ кардааст.

XS
SM
MD
LG