Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро корафтодаҳо маҳз ба президент муроҷиат мекунанд?


Акс аз бойгонӣ.

Дар назар аст, ки сар аз имрӯз, 1-уми апрел, қабулгоҳи Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбекистон, барои шунидани арзу доди сокинон боз шавад ва аз чанд рӯзи пеш сабти номи сокинон барои сӯҳбат бо президент шурӯъ шудааст.

​Дар пайи нашри хабарҳо аз роҳандозии соатҳои қабули сокинон ва бевосита шунидани арзу доди онҳо аз ҷониби Шавкат Мирзиёев, дар Тоҷикистон ҳам миёни баъзе аз корбарони фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсу баррасиҳо сурат гирифт, ки зарурати амалӣ намудани чунин иқдом аз сӯи раиси ҷумҳури Тоҷикистон низ пайдо шудааст.

"Мисли тӯб моро футбол мекунанд"

Дар Тоҷикистон сокинон одатан дар ҷараёни ягон чорабинии расмӣ имкони мулоқот ва сӯҳбат бо президентро пайдо мекунанд.

Ҷӯрахон Иброҳимови 60-сола, сокини ноҳияи Восеъ чор сол боз барои аз даст надодани замини наздиҳавлигияш ба чандин мақомоту идораҳои давлатӣ, аз қабили мақомоти додгоҳиву додситонӣ арз намудааст. Мегӯяд, баъди он ки дар идораҳои поёнӣ арзу шикояташ қонеъ нашуду баррасии одилона сурат нагирифт, эътимодаш ба кори онҳо аз байн рафт.​

Ҷӯрахон Иброҳимов рӯзи 1-уми апрел дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳанӯз соли 2015 як сокини дигари ноҳияи Восеъ бо ҳар роҳу восита талоши аз худ намудани 24 сотих замини наздиҳавлигии ӯро кард ва ин талошҳои ӯ ба додгоҳ рафт.

Ин сокини ноҳияи Восеъ мегӯяд, ҳуҷҷатҳои замин ба номи ӯ аст, аммо нафари дигар (исмаш ба Радиои Озодӣ маълум аст) даъво бурдааст, ки қисме аз заминҳои онҳо, ки ҳудуди 24 сотихро ташкил медиҳад, бо қарори додгоҳ ба ӯ дода шавад. Ба гуфтаи Ҷӯрахон Иброҳимов, додгоҳ низ корро ба фоидаи тарафи муқобил ҳал кард ва онҳо шикоятҳои кассатсионӣ бурданд ва то ҳол даъвояшон идома дорад.

Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

"То ҳол идора ба идора саргардонем, раҳбарони аввали идораҳоро дида наметавонем, ҳалли мушкиламонро аз як идора ба идораи дигар, аз як мақомот ба мақомоти дигар вогузор мекунанд. Аз ин макон ба он макон мисли тӯб моро футбол мекунанд",-афзуд вай.

Ҷӯрахон Иброҳимов ягона корафтодае нест, ки аз мунсифона ҳаллу баррасӣ нашудани мушкилаш дар ниҳодҳои давлатӣ шикоят мекунанд. Дар баробари бетаваҷҷӯҳи ба муроҷиати бархе корафтодаҳо, ҳамчунин сокиноне ҳастанд, ки мегӯянд, на ҳамеша имкон пайдо мекунанд, ки арзашонро ба нафари аввали идораҳо гӯянд.

Дар ҳоле, ки соатҳои қабули шаҳрвандон ва шунидани арзу шикояти онҳо бевосита аз тарафи вазирону раисони идораҳои давлатӣ давоми ҳафта дар рӯзҳои алоҳида пешбинӣ шудааст, аммо бархе сокинон мегӯянд, на ҳамеша раҳбарони аввали идораҳоро дар вақту соати пешбинишуда дар утоқи корияшон пайдо мекунанд.

Бархе коршиносон мегӯянд, ҳамин бемасъулиятиву бетаваҷҷӯҳии мақомодорони вазорату идораҳост, ки корафтодаҳо охирин шонси ҳалли мушкилашонро бо арз кардан ба унвонии раиси ҷумҳури кишвар месанҷанд.

Дар Тоҷикистон ҳоло раҳбари вазорату идораҳо барои қабулу шунидани арзу доди мардум дар соату рӯзҳои муайян муваззафанд, вале ин иқдом аз сӯи вазирону раисони идораҳои кишвар миёни таҳлилгарон бесамар арзёбӣ мешавад ва коршиносон ҳам таъкид бар он мекунанд, ки чунин таҷриба аз ҷониби нафари аввали кишвар сурат гирад, беҳтар аст.

Чаро мардум мехоҳанд маҳз ба президент шикоят кунанд?

Иршод Сулаймонӣ, таҳлилгари тоҷик дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, кори на чандон муассири ниҳодҳо, сатҳи баланди фасод ва заъфи назорат болои системаи иҷроӣ, боиси коҳиши эътимоди сокинон ба идораҳои давлатӣ шуда, аксарият мехоҳанд мушкилоти худро бевосита бо раисиҷумҳур ба миён гузоранд. Оқои Сулаймонӣ таъкид намуд, ки бояд ниҳодҳои поёнӣ ба шикояти корафтодаҳо ҷиддӣ расидагӣ намоянд, то эътимод ба онҳо зиёд гардад.

Иршод Сулаймонӣ, таҳлилгари тоҷик.
Иршод Сулаймонӣ, таҳлилгари тоҷик.

Дар чанде аз ниҳодҳои давлатии кишвар дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтанд, нисбати арзу шикояти мардум бетараф нестанд ва ҳамеша тибқи нақшаи пешбинишудаи қабули шаҳрвандон амал мекунанд. Камол Тӯраев, сухангӯи Додгоҳи олии Тоҷикистон гуфт, бар асоси ҷадвали қабули шаҳрвандон Шермуҳаммад Шоҳиён, раиси ин ниҳод рӯзҳои сешанбе ва шанбе машғули қабул ва шунидани арзи сокинон мешавад.

Ӯ гуфт, дар рӯзҳои дигари корӣ ин амал аз ҷониби муовинони раис сурат мегирад. "Муроҷиатҳо қабул мешаванд ва дар мӯҳлати пешбинишуда, ки 30 рӯзро дар бар мегирад, баррасӣ гардида, ба сокинон ҷавоб гардонида мешавад. Баъзан ҳолатҳои истисноие мешавад, ки мӯҳлати баррасӣ аз 30 рӯз зиёдтар идома меёбад",-афзуд ӯ.

Дар баъзе аз ниҳодҳои дигар мегӯянд, бо вуҷуди он, ки гоҳе ҳалли мушкили бархе корафтодаҳо имконнопазир аст, сокинон бо пофишории зиёд ба дастгоҳи раиси ҷумҳур шикоят карда, новобаста аз чӣ гуна будани моҳияти масъала, мехоҳанд мушкилашон ҳатман ҳал шавад.

Бархе коршиносон ба он ишора мекунанд, ки чун эътимод ба ниҳодҳои поёнӣ кам шудааст, ташкили таҷрибаи соатҳои қабули шаҳрвандон бевосита аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури кишвар ва шунидани арзу доди онҳо ба фоидаи кор хоҳад буд.

Иршод Сулаймонӣ мегӯяд, аз нуқтаи назари идораи давлат, раиси ҷумҳур бояд ба масоили калони сиёсии давлат банд бошад ва ба мушкили мардум ниҳодҳои поёнӣ бояд расидагӣ кунанд. "Лекин эътимоди мардум, ки ба кори ниҳодҳои поёнӣ кам шудааст, шояд зарурате пеш омадааст, ки худи раиси ҷумҳур соатҳои қабули шаҳрвандонро ташкил кунад. Ҳоло арзу шикояти мардум ба дастгоҳи раиси ҷумҳур меравад, аммо дар бораи он, ки шахсан ба президент мерасад, чизе гуфта наметавонам",-афзуд Иршод Сулаймонӣ.

"Соатҳои қабул аз сӯи президент воқеан ҳам зарур аст"

Абдумалик Қодиров, таҳлилгари тоҷик, мегӯяд, бо далели он, ки аксари масъалаҳо дар кишвар аз ҷониби як нафар ва он ҳам бошад раиси ҷумҳур ҳал мешавад, ба роҳандозии соатҳои қабули шаҳрвандон бевосита аз сӯи Эмомалӣ Раҳмон воқеан ҳам зарур аст.

Абдумалик Қодиров, таҳлилгари тоҷик.
Абдумалик Қодиров, таҳлилгари тоҷик.

Ӯ гуфт, агар чунин як таҷрибаи шунидани арзу доди мардум мустақиман аз ҷониби раҳбари давлат сурат гирад, воқеан имконе пайдо мешавад, ки раиси ҷумҳур аз вазъияти воқеии кишвар аз тариқи сокинон хабардор шавад, ки аз ин кор бархе масъулини баландпоя, ки ба раиси ҷумҳур дастрасӣ доранд, манфиатдор нестанд. "Зеро миёни мардум мушкилоту норозигӣ ба ҳадде зиёд шудааст, ки агар ҳамин рӯз гӯянд, ки қабул мекунем, сокинонро, мумкин барои 5 соли оянда навбат баста шавад. Худо медонад, ки ин кор шавад",-мегӯяд ӯ.

Ҳамсӯҳбатамон таъкид намуд, ки чун арзу шикоятҳо ба унвонии раиси ҷумҳур хеле зиёд аст ва ӯ барои хондану баррасии ҳар яки он вақт намеёбад, агар бо истифода аз технологияи муосир қабули электронии корафтодаҳо низ амалӣ шавад, ба нафъи кор хоҳад буд. "Лекин беҳтар аст, афроди поквиҷдону масъулятшинос дар қабулгоҳи электронии президент ҷалб шаванд”.

Абдумалик Қодиров бар ин бовар аст, ки арзу доди ҳамаи сокинон, ки ба унвонии Эмомалӣ Раҳмон ирсол мешаванд, ба раиси ҷумҳур расонида намешавад ва шояд баъзе муроҷиатҳои бисёр муҳим расонида шавад.

"Президент аз ҳама арзу муроҷиатҳо хабардор мешавад"

Аммо Нурулло Низом, раҳбари шӯъбаи қабули муроҷиатҳои Дастгоҳи раиси ҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, раиси ҷумҳур аз тамоми арзу муроҷиатҳои сокинон хабардор мешавад.

Нурулло Низом дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, тариқи хаттӣ, шифоҳӣ ва тавассути сомонаи президент муроҷиатҳо ба унвонии президент сурат мегиранд ва афроди мутасаддӣ муроҷиатҳоро омӯхта барои баррасӣ аз рӯи салоҳият ба мақомотҳои дахлдор ирсол мекунанд. "Ҳар ҳафта, ҳар моҳ ба раҳбари дастгоҳ ҳисобот медиҳем ва раисиҷумҳур ҳам аз тамоми арзу муроҷиатҳо хабардор мешавад",-мегӯяд ӯ.

Ҳамсӯҳбатамон дар мавриди омор ва афзоши арзу муроҷиатҳо ба унвонии раиси ҷумҳур шарҳи бештар надод ва танҳо таъкид намуд, ки баъди ирсоли муроҷиатҳои сокинон ба ниҳодҳои поёнӣ, баррасии онҳо аз ҷониби дастгоҳи раиси ҷумҳур назорат мешаванд.

Дар Тоҷикистон сокинон одатан дар ҷараёни ягон чорабинии расмӣ имкони мулоқот ва сӯҳбат бо президентро пайдо мекунанд. Аммо сӯҳбату мулоқотҳо ва гуфтаниҳои аз пеш таҳрезишудаи сокинон ба раиси ҷумҳур борҳо миёни соҳибназарон садо додааст.

Шарҳҳоро бинед (7)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG