Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷасади Сӯҳроб Каримовро дар Русия дафн карданд. АКС


Акси Сӯҳроб Каримовро наздиконаш дар ихтиёри Радиои Озодӣ гузоштанд
Акси Сӯҳроб Каримовро наздиконаш дар ихтиёри Радиои Озодӣ гузоштанд

Ҷасади Сӯҳроб Каримов, афсари тоҷики Вазорати дифои Русияро рӯзи 29-уми март дар оромгоҳи шаҳри Митишии вилояти Маскав дафн карданд. Каримови 35-сола аз ҷумлаи се афсари артиши Русия буд, ки рӯзи 23-юми феврали имсол дар як ҳамлаи ҷангҷӯён дар минтақаи Дайр-аз-Зури Сурия ба ҳалокат расид.

Сӯҳроб Каримов соли 1984 дар ноҳияи Рӯдакии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Ӯ донишгоҳи низомии Маскавро хатм карда, чанд муддат дар пойгоҳи 201-ум дар Тоҷикистон кор кардааст.

Баъди ташхиси ДНК

Рӯзҳои аввал расонаҳо аз нопадид шудани афсарони рус дар Сурия хабар доданд, вале рӯзи 25-уми март Вазорати мудофиаи Русия кушта шудани се афсарашро тасдиқ кард ва гуфт, боқимондаҳои ҷасади онҳо барои шиносоӣ ташхиси ДНК мешаванд.

Наздикони Сӯҳроб Каримов рӯзи 29-уми март ба Радиои Озодӣ гуфтанд, барои ташхиси ДНК аз онҳо мӯйи сар ва оби даҳон гирифтанд.

Мақомоти низомии Русия аз наздикони Каримов хостаанд, ки дар бораи ҷузъиёти кушта шудани Сӯҳроб бо матбуот гап назананд. Танҳо як нафари онҳо ба шарти ифшо нашудани номаш рӯзи 29-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, маросими дафн дар як шароити расмӣ баргузор шуд.

Аз пойгоҳи 201 то Сурия

Маросими видоъ бо Сӯҳроб Каримов
Маросими видоъ бо Сӯҳроб Каримов

"Имрӯз барои гиромидошти Сӯҳроб гашти низомӣ баргузор шуд ва тобутро ҳамкоронаш бар дӯш бардошта, вориди гӯристон карданд. Ӯро тибқи оинҳои мусалмонӣ ҷаноза гӯрондем", - афзуд ӯ.

Сӯҳроб Каримов падари ду фарзанд буд. Мақомоти Русия гуфтаанд, мувофиқи қонунгузорӣ, ба пайвандони ин афсари артиш кумак хоҳанд кард.

Ба қавли пайвандонаш, ӯ аввали соли 2018 ба Сурия рафта, дар онҷо 9 моҳ кор кард ва охири соли гузашта бори дувум ба ин кишвар барои иҷрои вазифаи хидматӣ рафт.

Сӯҳроб Каримов соли 1984 дар ноҳияи Рӯдакии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Ӯ донишгоҳи низомии Маскавро хатм карда, чанд муддат дар пойгоҳи 201-ум дар Тоҷикистон кор кардааст.

"Писари генерал"

Дар маҳаллаи "Сомониён"-и Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ, ки Сӯҳроб дар он ҷо калон шудааст, бисёриҳо мотамзада шуданд. Онҳо нақл карданд, ки афсари ботаҷрибаи тоҷикро бештар дар майдони варзишии маҳалла медиданд.

Мӯътабар Акбаралиева, ки дар ҳамсоягии хонаводаи Сӯҳроб Каримов зиндагӣ мекунад, гуфт, бори охир Сӯҳробро тобистони соли гузашта дидааст. Ӯ барои таътил ба Тоҷикистон омада буд. "Онҳо, ки ҳамзамон шаҳрвандии Русияро доштанд, барои кор ба он ҷо рафта буд, вале ҳар вақт барои хабаргирӣ меомад", - гуфт ин сокини маҳал.

Сӯҳроб Каримовро дар маҳалли зисташ дар ноҳияи Рӯдакӣ, канори Душанбе бештар чун "писари генерал" мешиносанд. Падари Сӯҳроб - Абдувалӣ Каримов солҳои зиёд дар пойгоҳи 201-ум дар Душанбе ва Русия фаъолият кардаааст. Ин хонавода ҳам бо тақозои кор гоҳе дар Русия ва гоҳ дар Тоҷикистон зиндагӣ мекардааст.

"Ҳанӯз ҷузъиётро нагуфтанд"

Хонаводааш мегӯянд, ҳанӯз мақомот чӣ гуна кушта шудани ӯро шарҳ надодаанд. Мирзо Каримов, амаки ин майори тоҷик, ки дар ҳамсоягии волидони ӯ зиндагӣ мекунад, дар сӯҳбати кӯтоҳ бо Радиои Озодӣ гуфт, онҳо ҳам иттилои бештарро дар бораи марги бародарзодааш тавассути расонаҳои хабарӣ дарёфт кардаанд.

Яке аз ҳамсояҳои волидони Сӯҳроб Каримов, ки нахост номаш бурда шавад, гуфт, Сӯҳроб Каримов дар сафари охираш ба Душанбе аз вазъи бад дар Сурия нақл карда, гуфтааст, "он ҷо кас хоби оромро намебинад".

Сӯҳроб Каримов
Сӯҳроб Каримов

Русия амалиёти низомӣ дар Сурияро тирамоҳи соли 2015 оғоз кард. Президент Владимир Путин баҳори соли 2016 қисми асосии нерӯҳоиРусияро аз Сурия берун оварда, охирҳои соли 2017 фармони ихроҷи сарбозони рус аз ин кишварро содир кард.

Бино ба иттилои расмии Вазорати дифои Русия, аз 30-юми сентябри соли 2015 дар натиҷаи амалиёти низомӣ дар Сурия беш аз 40 низомии рус кушта шудаанд. Ҳамчунин 50 тани дигар дар пайи суқути чархболу ҳавопаймоҳои Русия ҷон бохтаанд.

Ба ин рақам шумори зархаридони кушташудаи ширкати низомии хусусии "Вагнер" шомил намешаванд.

Созмонҳои байналмилалӣ Русияро барои амалиёти низомӣ дар Сурия, ки дар он ғайринизомиён низ кушта мешаванд, танқид кардаанд.

XS
SM
MD
LG