Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз селу боронгарӣ дар Эрону Афғонистон беш аз 60 тан ҷон бохт. ВИДЕО


Мақомот дар Эрон мегӯянд, ки бар асари боронгариҳои шадид ва селхезии чанд рӯзи ахир дар ин кишвар 34 нафар ҷон бохта ва беш 125 тани дигар захмӣ шуданд. Мақомоти Афғонистони ҳаммарз бо Эрон ҳам аз ҳалокати беш аз 25 нафар бар асари боронгариҳои рӯзҳои гузашта хабар доданд.

Тибқи гузоришҳо, даҳҳо шаҳр ва чандин минтақа дар 20 вилояти Эрон низ зери об мондаанд. То шаби гузашта шумораи қурбониён 32 нафар гузориш шуда буд. Бино ба гузоришҳо, дар пайи бориши сахти борон ва ҷорӣ шудани селоб дар ин кишвар, чандин нафар нопадид шудаанд ва эҳтимол дорад шумораи қурбониён бештар бошад.

Мақомоти Эрон мегӯянд, ки дар 15 вилояти он кишвар бориши борон ва барф ва дар панҷ вилояти дигар фаромадани туман ҳамчунон идома дорад. ​

Мардуми бисёри минтақаҳои селобзада ҳоло ба оби ошомиданӣ дастрасӣ надошта ва ба кӯмакҳои аввалия ниёз доранд. Ҳукумати Эрон дастур додааст, ки ба селобзадаҳо кӯмакҳои фаврӣ расонида шавад. Ҳасанӣ Рӯҳонӣ рӯзи чаҳоршанбе ба вилоятҳои Гулистон ва Мозандарон сафар карда ва раванди тақсими кӯмакҳо ба селзадагонро назорат хоҳад кард.

Меҳрдод Алибахшӣ, як мақоми пизишки қонунӣ дар Эрон бориш ва сел дар он кишварро ба ду мавҷи аввал ва дувум тақсим кардааст -- пеш аз селоби ногаҳонӣ дар Шероз ва пас аз он. Ба гуфтаи оқои Алибахшӣ, дар мавҷи аввал 9 нафар дар вилоятҳои Мозандарон, Гулистон ва Хуросони шимолӣ ва дар мавҷи дувум 26 нафар ҷони худро аз даст додаанд.

Ӯ гуфт, "дар мавҷи дувуми борандагиҳо 18 нафар дар шаҳри Шероз, як нафар дар вилояти Хузистон, як нафар дар вилояти Коҳгилия, се нафар дар вилояти Гулистон (чаппа шудани қаиқ), ду нафар дар вилояти Луристон ва як нафар дар вилояти Симнон бар сари селхезӣ ҷони худро аз даст доданд.

Як масъул дар вилояти Гулистон субҳи рӯзи чаҳоршанбе гуфта буд, ки шумораи ҷонбохтагони қаиқи чаппашуда ҳомили довталабон ва имдодгарон ва селзадагони ин шаҳр ба 3 нафар афзоиш ёфт. Пештар Ҳилоли Аҳмари Эрон дар ҳисоби корбарии худ дар "Твиттер" гуфт буд, ки дар пайи чапа шудани қаиқи ҳомили дастикам 21 нафар дар вилояти Гулистон, 18 нафар захмӣ шуда, як нафар ҷон бохт ва ду тани дигар нопадид гашт.

Аммо хабаргузории давлатии Эрон-ИРНА мегӯяд, дар ин қаиқ 25 нафар савор буданд, ки дар пайи чаппа шудани он ду нафар ҷон бохта ва чаҳор нафар бенишон шуданд ва боқимондаҳо наҷот ёфтаанд. Бо ин ҳол баъд аз зӯҳри рӯзи чаҳоршанбе шумораи қурбониёни чаппа шудани қаиқ 3 нафар эълон шуд.

Обхезиҳои шадид дар Эрон
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:24 0:00

Идомаи бориш ва фаромадани туман дар 20 вилоят

Мақомоти Эрон мегӯянд, ки дар 15 вилояти он кишвар бориши борон ва барф ва дар панҷ вилояти дигар фаромадани туман ҳамчунон идома дорад. ​

Идораи роҳҳои Эрон гуфтааст, дар бахшҳое аз вилоятҳои Озарбойҷони шарқӣ, Мозандарон, Занҷон ва Ҳамадон бориши барф ва дар вилоятҳои Теҳрон, Ҳамадон, Занҷон, Мозандарон, Ҳурмузгон, Форс, Гелон, Озарбойҷони Ғарбӣ, Хуросони шимолӣ ва Хуросони разавӣ, бориши борон гузориш шудааст. Ба гуфтаи мақомоти Идораи роҳҳои Эрон вилоятҳои Ардабил, Албурз, Занҷон, Қазвин ва баландиҳои Симнон дучори фаромадани туман ҳастанд.

Дар ҳамин ҳол Созмони ҳавошиносии Эрон гуфтааст, ки рӯзи панҷшанбеи 28-уми март дар марказ, шимол-шарқ ва шарқи он кишвар бориши борон ва боди сахти муваққатӣ пешбинӣ шуда, дар минтақаҳои баландкӯҳ барф меборад.

Масъулони Фурудгоҳи Машҳад эълом кардаанд, ки бинобар фаромадани туман, парвозҳои вурудӣ ба ин фурудгоҳ аз субҳи чаҳоршанбе қатъ карда шуд. Ду роҳи аслии вилояти Хуросони разавӣ низ дар пайи борандагиҳои шадид баста шудаанд. Фурудгоҳи байналмилалии Машҳад пас аз фурудгоҳи Меҳрободи Теҳрон дувумин фурудгоҳи пуррафтуомади Эрон аст ва рӯзона ба сурати миёна байни 180 то 250 парвоз дар он анҷом мешавад.

Ин селхезиҳо дар Афғонистони ҳамсоя бо Эрон низ талафоте дар пай доштааст. Ба гуфтаи мақомоти афғон, бар асари бориши борон ва омадани сел дар ин кишвар беш аз 25 нафар ҷон бохта ва беш аз 100 нафари дигар маҷрӯҳ шудаанд. Бахши афғонистонии Радиои Озодӣ бо такя ба мақомоти ҳукуматӣ мегӯяд, ки эҳтимол дорад шумораи қурбониён афзоиш ёбад. Ба иттилои ин бахш, бар асари боронгариҳо ва фаромадани сел, шаш ҳазор хона вайрон ва садҳо нафар бехонумон шуданд ва ба кӯмак ниёз доранд.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG