Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Помпео рафтори Русияро дар Венесуэла "тахрибгарона" номид


Майк Помпео
Майк Помпео

Котиби давлатии ИМА Майк Помпео зимни суҳбат бо вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров гуфт, "то замоне, ки Русия ташаннуҷи Венесуэларо амиқтар мекунад, ИМА дар канор нахоҳад монд".

Помпео ҳамчунин кумаки низомии Русияро ба режими Николас Мадуро маҳкум ва аз Москва хост, "рафтори тахрибкоронаи худро қатъ кунад".

Ахиран хабар расид, ки наздики 100 низомии Русия вориди Венесуэла шудаанд. Мақомоти Русия расман ин хабарро шарҳ надоданд, аммо хабаргузории РИА Новости аз қавли як манбаи дипломатӣ дар Каракас навишт, ки ҳавопаймоҳои ҳомили низомиҳои Русия дар Венесуэла ҳастанд.

Пештар аз ин котиби давлатии ИМА намояндаи Русия дар СММ Василий Небензяро танқид кард. Небензя гуфта буд, ки вазъи сиёсии Венесуэла барои кишварҳои дигар хатар надорад.

Сар аз соли 2014 ба ин тараф дар пасманзари буҳрони конститутсиониву иқтисодӣ дар Венесуэла ҳар чанд аз гоҳе зидди президент Николас Мадуро эътирозҳои оммавӣ ташкил мешавад. Бисёре аз кишварҳои Амрикои Лотинӣ, инчунин Бразилия, ИМА, Австралия, Канада ва Исроил президентии Мадуроро эътироф надоранд.

Русия, Туркия, Чин, Куба ва Боливия баракс Мадуроро президенти қонунӣ медонанд. Владимир Путин, президенти Русия бо Мадуро суҳбати телефонӣ анҷом ва ваъдаи "кумаки бе қайду шарт"-ро дод. Вазоратҳои корҳои хориҷии Русияву Венесуэла мегӯянд, буҳрони сиёсии Венесуэларо ИМА эҷод кардааст.

XS
SM
MD
LG