Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"BTA Bank"-и Қазоқистон алайҳи шарики пешини Трамп ба додгоҳ шикоят бурд


Бонке дар Қазоқистон, ки дар як баҳси бисёрҷониба барои барқарор кардани дороиҳои даҳсолаҳо пеш аздастдодааш мубориза мебарад, бо аризаи наваш дар додгоҳи Амрико собиқ шарики президент Доналд Трампро дар он муттаҳам кардааст, ки бо сармояҳои ин бонк дар Маскав "Бурҷи Трамп"-ро бунёд кардааст.

Аризае, ки рӯзи 25-уми март ба додгоҳи федеролии Манҳеттен супурда шуд, яке аз охирин талошҳои BTA Bank аст, ки замоне бузургтарин муассисаи молии Қазоқистон буд. Дар ариза хоста шудааст, ки сармояҳои аздастрафт барқарор ва раҳбари фирории собиқи ин бонк ба ҷавобгарӣ кашида шавад.

Дар миёни афроди муттаҳам Феликс Сатер, собиқ ҳамкори Хадамоти федеролии тафтишот ҳам номбар мешавад, ки ба унвони мутахассиси бахши тиҷорати манзил дар гузашта бо Трамп ҳамкорӣ кардааст.

Cобиқ раҳбари BTA Мухтор Аблязов.
Cобиқ раҳбари BTA Мухтор Аблязов.

Оқои Сатер қарор аст рӯзи 27-уми март дар назди Кумитаи иттилооти Маҷлиси намояндагони ИМА ҳозир шавад. Қарор аст дар ин ҷаласа аз Сатер дар бораи кӯмакҳои чандинсолааш ба Трамп дар бунёди сохтмони баландошёнааш дар пойтахти Русия саволҳои доғу нохушоянд дода шавад.

Ҳадафи мурофиаи додгоҳӣ, собиқ раҳбари BTA Мухтор Аблязов аст, ки ба бовари мақомоти Қазоқистон, пеш аз варшикаста шудани ин муассиса гӯё 4 миллиард доллари онро дуздидааст. Дар шикоят гуфта мешавад, ки домоди Аблязов – Илёс Храпунов ҳам талош кардааст, қисме аз маблағҳои дуздидашударо "шустушӯ кунад".

Дар аризаи BTA гуфта мешавад, ки шурӯъ аз соли 2011 аз роҳҳои мухталифи тиҷоратӣ Сатер ба Аблязов ва Храпунов дар шустушӯи тахминан 40 миллион доллар маблағ мусоидат кардааст. "Сатер ба Аблязов, Храпунов ва дигарон дар шустушӯи даҳҳо миллион доллар маблағҳои дуздидашуда ба ИМА кӯмак кардааст",-омадааст дар матни аризаи шикоятӣ.

Дар матн инчунин гуфта мешавад, ки бахше аз маблағҳо аз ҷониби хоҳари Храпунов барои харидани манзил дар бурҷи SoHo-и Трамп дар Манҳеттен истифода шудааст. Исми Трамп ҳам дар матни шикояти додгоҳӣ зикр мешавад, вале дар он гуфта нашудааст, ки президенти ИМА дар бораи маблағҳои шустушӯшуда ба хотири харидории манзил иттилое дошт.

Дар матни шикоят инчунин омадааст, ки "Сатер на танҳо дар мавзӯи шустушӯи пулҳои дуздидашуда дар дохили Бурҷи Трамп бо Илёс Храпунов гуфтугӯ кардааст, балки инчунин шахсан бо писари президент – Доналд Трампи хурдӣ масоили эҳтимолии сармоягузориро баррасӣ кардааст".

Феълан мавқеи худи Сатер ба ин қазия дастрас нест.

Исми BTA Bank ногаҳон моҳи гузашта расонаӣ шуд. Он замон ҳуқуқшиноси деринаи Майкл Коҳен дар як баёнияааш дар Конгресс гуфт, ки бонк ӯро барои мубориза бо Аблязов барои як муддати кӯтоҳ истихдом карда буд.

Ҳуқуқшиноси BTA Bank дар шаҳри Ню-Йорк дертар ҳарфҳои Коҳенро тасдиқ кард ва гуфт, ки ӯ соли 2017 ба кор ҷалб шуда буд, вале, ба қавли ин ҳуқуқшинос, Коҳен "ҳеҷ кори арзишманде анҷом надод ва BTA ҳам базудӣ шартномаи кор бо ӯро бекор кард".

Коҳен баъди он дар Конгресс ҳозир шуд, ки бар асоси иттиҳомоти пешгузоштаи додситонҳои Манҳеттен ва ҳам гузоришгари вижа Роберт Мюллер баёнот дод ва гуноҳҳояшро эътироф кард.

Коҳен эътироф кард, ки дар баёнияҳои гузаштааш дар Когресс дар робита бо мӯҳлат ва тӯли гуфтугӯҳояш бо мақомоти Русия дар ҷараёни маъракаи интихоботии соли 2016 оид ба барномаҳои Бурҷи Трамп дар Маскав дурӯғ гуфта буд. Исми ин барнома дар аризаи BTA Bank ҳам зикр шудааст.

"Сатер дар машварати пинҳонӣ бо Илёс мехостанд, ки бо пулҳои дуздидашуда барномаҳои марбут ба Бурҷи Трампро дар Маскав пиёда кунанд”. Аз иҷрои тарҳҳо, интизор мерафт, ки ба гуфтаи Сатер, даромади ҳангуфт ва дарозмуддат ба даст ояд.

XS
SM
MD
LG