Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Писарамро чунон задаанд, ки чаҳор рӯз чиз хӯрда натавонистааст" ВИДЕО


Нурулло Ашӯров
Нурулло Ашӯров

Нурулло Ашӯров, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, як моҳ пеш ба ҳомиёни ҳуқуқ шикоят кард, ки маъмурони милиса писарашро дар боздошт шиканҷа додаанд.

Писарам нақл кард, ки муфаттишон пайваста латту кӯб кардаанд, то иттиҳомро тасдиқ кунад. Гиря кард ва гуфт, ки ҳама ҷояш маъюб аст.

Алиҷон Ашӯрови 27-сола ба ҳайси сартарош дар Русия кор мекард ва моҳи декабри соли гузашта ҳамроҳи зан ва кӯдаконаш аз онҷо ихроҷ шуд ва ба Тоҷикистон баргашт. Ӯро дар фурудгоҳи Душанбе дастгир карданд.

Наздиконаш мегӯянд, ӯ барои "таваҷҷуҳ ба терроризм" ва "қасди сафар ба Сурия" муттаҳам аст. Нурулло Ашӯров гуфт, писараш аввал дар бинои Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил нигоҳдорӣ мешуд ва ҳоло ба боздоштгоҳи муваққатӣ интиқол ёфтааст.

"Беш аз як моҳ писарамро ба мо нишон надоданд. Танҳо аввали моҳи феврал иҷозат доданд, ки ӯро бубинем. Писарам нақл кард, ки муфаттишон пайваста латту кӯб кардаанд, то иттиҳомро тасдиқ кунад. Гиря кард ва гуфт, ки ҳама ҷояш маъюб аст. Гуфт, ҳамин хел заданд, ки чаҳор рӯз худаш чиз хӯрда натавонистааст. Ғизоро бо қошуқ дар даҳонаш гузоштаанд", - нақл кард ӯ ҳафтаи гузашта дар суҳбат бо телевизиони “Настоящее Время”.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Писарамро чунон задаанд, ки чаҳор рӯз чизе нахӯрдааст.
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:54 0:00

​Аз замони муроҷиати ӯ ба созмонҳо ва идораҳои давлатии Тоҷикистон дар бораи шиканҷа шудани писараш як моҳ гузашт, аммо ҳеч посух нагирифтааст.

Ҳуқуқшиносон мегӯянд, собит кардани шиканҷа хеле мушкил аст. Вакилони мудофеъро ба ҷараёни бозпурсӣ роҳ намедиҳанд ва онҳо ҳафтаҳо иҷозаи мулоқот бо зерҳимояи худро гирифта наметавонанд.

Ба қавли ҳомиёни ҳуқуқ, мулоқот замоне фароҳам мешавад, ки аллакай осори шиканҷа гум шудааст.

Барои бастани парванда ва зиндонӣ кардани гумонбар ба муфаттишон эътирофи иттиҳом кофист. Аз ин рӯ, ба гуфтаи баъзе ҳомиёни ҳуқуқ, “шиканҷа дар идораҳои пулис як кори маъмулӣ шудааст”.

Абдураҳмон Шарифов, ҳуқуқдони Маркази мустақил оид ба ҳуқуқи башари Тоҷикистон, гуфт, “ҳарчанд дар қонунҳо дастрасии бемаҳдуди вакили дифоъ ба зерҳимояш зикр шудааст, бинобар талабот, ба ин иҷозати муфаттиш зарур аст. Танҳо баъд аз ин ба мулоқоти вакили мудофеъ бо зерҳимояяш иҷозат медиҳанд.”

Абдураҳмон Шарифов
Абдураҳмон Шарифов

Мақомоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон эътироф мекунанд, ки баъзан муфаттишон аз мақоми худ сӯиистифода менамоянд. Барои ҷилавгирӣ аз бадрафторӣ ҳоло вазорат тасмим гирифтааст, дар идораҳои пулис утоқҳои бозпурсии муҷаҳҳаз бо дурбини назоратӣ таъсис диҳад. Барои иҷрои ин тарҳ вазорат ба кумаки созмонҳои байналмилалӣ умед бастааст.

Ҳомиёни ҳуқуқ аз кӯшиши мақомот барои таъсиси утоқҳои муҷаҳҳази бозпурсӣ истиқбол мекунанд. Аммо аз ҳоло ба натиҷаи он бо шубҳа менигаранд.

Онҳо мегӯянд, ҳоло низ дар баъзе аз шӯъбаҳои милиса ва боздоштгоҳҳо дурбинҳои назоратӣ ҳаст, вале ба вакилони дифоъ иҷозаи дидани наворҳоро намедиҳанд.

“Ҳангоме адвокатҳо сабти видеоиро мепурсанд, дар аксари вақт ба онҳо мегӯянд, ё бинобар мушкили фаннӣ ё қатъи нерӯи барқ дурбинҳои назоратӣ кор накардаанд”, - гуфт Абдураҳмон Шарифов.

Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, бояд ба муфаттишон дастур дода шавад, ки бозпурсӣ дар ҳолати фаъол будани дурбинҳои назоратӣ сурат гирад. Вакилони мудофеъ ҳамчунин тавсия медиҳанд, аз қонун банде, ки тибқи он барои ҳабси гумонбар эътирофи иттиҳом кофист, бардошта шавад.

Истифода аз шиканҷа ҳангоми бозпурсӣ дар Тоҷикистон аз масъалаҳои доғ ба шумор меравад. Созмонҳои байналмилалӣ борҳо Тоҷикистонро барои шиканҷа танқид карда ва аз мақомот хостаанд, ки шиканҷаро решакан кунад.

Соли гузашта беш аз 40 нафар аз шиканҷа шудани худ ё наздиконашон ба Эътилофи зидди шиканҷа дар Тоҷикистон шикоят кардаанд. Дар Додситонии кулли Тоҷикистон гуфтанд, соли гузашта дар робита ба шиканҷа чаҳор парвандаи ҷиноӣ боз карда, ду парвандаро барои баррасӣ ба додгоҳ фиристоданд.

XS
SM
MD
LG