Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ёвари аршади раҳбари мухолифони Венесуэла боздошт шуд


Раҳбари оппозитсиюни Венесуэла Хуан Гуайдо
Раҳбари оппозитсиюни Венесуэла Хуан Гуайдо

Роберто Марреро, ёвари аршади Хуан Гуайдо - раҳбари мухолифони Венесуэла, рӯзи ҷумъа боздошт шуд. Пеш аз боздошт Хадамоти иктишофи миллии Венесуэла манзили Маррероро кофтукоб кард.

Хуан Гуайдо гуфт, мақомоти қудратӣ аз боздошти ӯ ҳарос доранд ва биноан, ҳамсафонашро ҳадаф қарор доданд. Қаблан Вашингтон ҳушдор дода буд, ки ҳамагуна амали хасмонба бар зидди Гуайдо "бепосух" намемонад.

Вашингтон талаб кард, ки Марреро озод карда шавад. Ҷон Болтон, мушовири президенти ИМА дар умури амнияти миллӣ боздошти Маррероро "боз як иштибоҳи бузург"-и Мадуро номид.

Ибтидои соли ҷорӣ дар пасманзари бӯҳрони иқтисодӣ ва сиёсӣ Хуан Гуайдо худро президенти муваққати Венсуэла эълон кард ва интихоби президент Николас Мадуро ба ин мақомро ғайриқонунӣ номид. ИМА, кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ва Амрикои Лотин аз Гуйдо ҳимоят карданд. Русия, Чин, Туркия ва Куба аз Мадуро пуштибонӣ мекунанд.

Венесуэла гирифтори буҳрони амиқи сиёсиву иқтисодӣ аст. Соли 2018 нишондоди таваррум дар ин кишвар аз сатҳи 1 миллион дарсад гузашт. Ин ҳам дар ҳоле, ки сокинон аз камбуди ғизо ва дору ранҷ мебаранд. Ахиран ба далели садама дар бузургтарин нерӯгоҳи тавлиди барқ чанд манотиқи кишвар дар торикӣ монд.

XS
SM
MD
LG