Нурсултон Назарбоев, президенти Қазоқистон, эълон кард, ки аз мақомаш канор меравад. Ӯ 30 сол дар сари қудрат буд. Назарбоев аввалин президент дар Осиёи Марказӣ аст, ки бо ихтиёри худ ва бо роҳи осоишта истеъфо дод.
"Ман ба қароре расидам, ки салоҳиятҳои худро ба ҳайси президенти кишвар канор гузорам", - гуфт ӯ шоми 19-уми март дар як муроҷиати телевизионӣ ба мардум.
Назарбоев гуфт, раиси порлумон Қосимҷомарт Тоқаеви 65-сола муваққатан масъулияти раҳбарии кишварро ба ӯҳда мегирад. Ӯ афзуд, ҳарчанд аз мақоми раёсати ҷумҳурӣ канор меравад, ба ҳайси як шаҳрванд дар паҳлӯи мардум мемонад:
"Бар асоси қонун ман мақоми нахустин раиси ҷумҳури Қазоқистон, Элбасӣ ва пешвои миллатро дорам. Ман раиси Шӯрои амнияти миллӣ мемонам, ки бар асоси қонун салоҳиятҳои ҷиддии муайян кардани сиёсатҳои дохилӣ ва хориҷии кишварро дорад. Ман раиси Ҳизби "Нур Отан" ва узви Шӯрои конститутсионӣ мемонам. Яъне ҳамчун як шаҳрванди кишвар, ҳамчун инсоне, ки мардум ва кишварашро дӯст медорад, бо Шумо мемонам."
Видеоро дар инҷо тамошо кунед:
Нурсултон Назарбоев гуфт, ҳоло рисолати асосиаш ин аст, ки "ҷараёни интиқоли қудрат ба насли навро" таъмин кунад.
Дар Қазоқистон муддатҳо пеш овозаҳое паҳн шуда буд, ки Нурсултон Назарбоев аз раҳбарии ин кишвари ғанӣ аз нафт канор меравад. Назарбоев баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ аз соли 1991 ба ин сӯ раҳбарии Қазоқистонро ба ӯҳда дошт.
Гурӯҳҳои ҳуқуқи башар борҳо Назарбоевро барои саркӯби мухолифону дигарандешон ба хотири тамдиди мӯҳлати раёсати ҷумҳуриаш интиқод кардаанд. Ва истеъфои Назарбоев дар ҳоле эълон шуд, ки моҳҳои охир дар чанд шаҳри Қазоқистон бо талаби беҳтар кардани шароити иҷтимоӣ эътирозҳои зиддиҳукуматӣ ҷараён гирифтанд ва дар баъзеи онҳо ошкоро истеъфои Назарбоев талаб мешуд.
Аксҳо аз бойгонӣ:
24 соли президентӣ
Ин пайванд (линк) дар минтақаҳое, ки вебсайти мо бастааст, кор мекунад
Дар акс: Президенти СССР ва котиби генералии Кумитаи марказии ҳизби комунистии Иттиҳоди Шӯравӣ Михаил Горбачев (аз чап) ва президенти ҶШС Қазоқистон котиби якуми Ҳизби комунистии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев. Москав, 25 сентябри соли 1990.
Ин пайванд (линк) дар минтақаҳое, ки вебсайти мо бастааст, кор мекунад
Ин пайванд (линк) дар минтақаҳое, ки вебсайти мо бастааст, кор мекунад
Дар акс. Нурсултон Назарбоев ҳангоми маросими қасамёдкунӣ баъд аз интихобот. Алмаато, декабри соли 1991.
Ин пайванд (линк) дар минтақаҳое, ки вебсайти мо бастааст, кор мекунад
Дар акс: Роҳбарони кишварҳо дар маросими имзои созишнома дар бораи таъсиси Давлатҳои Муштаракулманофеъ. Алмаато, 21 декабри соли 1991.
Ин пайванд (линк) дар минтақаҳое, ки вебсайти мо бастааст, кор мекунад
Дар акс: Назарбоев дар майдони кишати гандум. соли 1992.
Ин пайванд (линк) дар минтақаҳое, ки вебсайти мо бастааст, кор мекунад
Нурсултон Назарбоев дар маросими савгандёдкунӣ 20 январи соли 1999.
Ин пайванд (линк) дар минтақаҳое, ки вебсайти мо бастааст, кор мекунад
Нурсултон Назарбоев бо ҳамсараш Сарой Назарбоева дар ҳавзаи нитихоботӣ. Остона, 4 декабри соли 2005.
Ин пайванд (линк) дар минтақаҳое, ки вебсайти мо бастааст, кор мекунад
Ин пайванд (линк) дар минтақаҳое, ки вебсайти мо бастааст, кор мекунад
Ин пайванд (линк) дар минтақаҳое, ки вебсайти мо бастааст, кор мекунад
Ин пайванд (линк) дар минтақаҳое, ки вебсайти мо бастааст, кор мекунад
Ин пайванд (линк) дар минтақаҳое, ки вебсайти мо бастааст, кор мекунад
Дар акс. Симои Нурсултон Назарбоев дар арки "Қазақ елі" дар Остона.
Ин пайванд (линк) дар минтақаҳое, ки вебсайти мо бастааст, кор мекунад
Дар акс. Президент Нурсултон Назарбоев дар ҷаласае вайро роҳбари ҳизби «Нур Отан» интихоб карданд. Остона, 25 ноябри 2011.
Ин пайванд (линк) дар минтақаҳое, ки вебсайти мо бастааст, кор мекунад
Дар акс пайкараи Назарбоев дар осорхонаи Донишгоҳи қазоқиву туркӣ. Соли 2002.
Ин пайванд (линк) дар минтақаҳое, ки вебсайти мо бастааст, кор мекунад
Ин пайванд (линк) дар минтақаҳое, ки вебсайти мо бастааст, кор мекунад
Ин пайванд (линк) дар минтақаҳое, ки вебсайти мо бастааст, кор мекунад
Ин пайванд (линк) дар минтақаҳое, ки вебсайти мо бастааст, кор мекунад
Ин пайванд (линк) дар минтақаҳое, ки вебсайти мо бастааст, кор мекунад
Ин пайванд (линк) дар минтақаҳое, ки вебсайти мо бастааст, кор мекунад
Ин пайванд (линк) дар минтақаҳое, ки вебсайти мо бастааст, кор мекунад
Корномаи Назарбоев
Нурсултон Назарбоев соли 1940 дар рустои Чемолғани вилояти Алмаато ба дунё омада, соли 1960 омӯзишгоҳи рақами 22-юми шаҳри Днепродзержински Украина ва соли 1967 донишкадаи саноатии назди комбинати металлургии шаҳри Қарағандаро хатм кардааст.
Ӯ собиқаи кориашро дар ҳамин корхона оғоз карда, аз соли 1969 ба кори ҳизбӣ гузашт ва соли 1979, дар 39-солагӣ, котиби Кумитаи марказии ҳизби коммунисти Қазоқистон ва соли 1984, дар синни 44 раиси Шӯрои вазирони Қазоқистон таъйин шуд.
Соли 1989, дар пайи дар Маскав мақом гирифтани Геннадий Колбин котиби якуми ҳизби он замон яккатози коммунисти Қазоқистон ва соли 1990 дар парлумон президенти ин ҷумҳурии ҳанӯз шӯравӣ интихоб шуд.
1 декабри соли 1991 Назарбоев дар нахустин интихоботи саросарии президентии Қазоқистон, ки бидуни рақиб гузашт, бо касби 98,7 дарсади овоз пирӯз шуд. Соли 1995 замони раёсати ӯро тавассути як раъйпурсӣ дароз карданд. Нурсултон Назарбоев, ҳамин тавр, бо касби аксарияти кулли овозҳо дар интихоботи президентии солҳои 1999, 2005, 2010 ва 2015 ғолиб эълон шуд.
Дар соли 2010 Қазоқистон қонун дар бораи раиси ҷумҳури нахустинашро қабул кард, ки бар асоси он ба Назарбоев унвони “Элбаси” – “Пешвои миллат” дода шуд. Мунтақидонаш Назарбоевро ба он айбдор мекунанд, ки дар тақсими мансабҳои давлатӣ ба хешу табори худ, аз ҷумла ба фарзандону домодҳо ва ҷиянҳояш бартарӣ дода ва шахсиятпарастиро дар Қазоқистон авҷ додааст.