Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тавсияи сафорати ИМА ба шаҳрвандони амрикоӣ дар Тоҷикистон


Сафорати Амрико дар Душанбе ба шаҳрвандони ин кишвар дар Тоҷикистон тавсия додааст, ки дар рӯзҳои таътили наврӯзӣ, аз ҳушёрӣ кор бигиранд. Дар як ҳушдори амниятии ин сафоратхона аз рӯзи 18-уми март, ки дар сафҳаи "Фейсбук"-и ин ниҳоди дипломатӣ низ ба нашр расид, гуфта мешавад, ки раҳбарони гурӯҳи "Давлати исломӣ" ё ДИИШ бо ин маъруф ҳастанд, ки афродро истихдом ва ё таҳрик мекунанд, ки бар зидди ҳар касе, ки пойбанди андешаҳои ифротии онҳо набошад, ҳамла кунанд.

Сафорат мегӯяд, ки бинобар амалкарди қаблии ДИИШ дар Тоҷикистон ва шеваҳои таърихие, ки ин гурӯҳ дар саросари ҷаҳон истифода кардааст, ба шаҳрвандони амрикоӣ тавсия дода мешавад, ки аз ҷойҳои серрафтуомад дурӣ биҷӯянд ва бо ҷонибҳое, ки масъулияти ҳифозати онҳо бар дӯши онҳост, машварат кунанд.

Сафорат ҳамчунин ба шаҳрвандони амрикоӣ тавсия додааст, ки барномаҳои амниятии шахсии худро бозбинӣ карда ва дастгоҳҳои иртибототии худро рӯшан нигаҳ бидоранд. Шаҳрвандони амрикоӣ ҳамчунин тавсия шудаанд, ки аз афроди боваринок дар сафар ва нақшаи ҳаракати худ хабар диҳанд ва аз муҳити атрофи худ ва таҳаввулот амниятӣ дар маҳал огоҳ бошанд.

Ин ҳушдори сафорати Амрико дар Душанбе ба шаҳрвандони он кишвар дар ҳолест, ки сафорати ИМА дар Афғонистон ҳаммарз бо Тоҷикистон низ ҳушдор додааст, ки мумкин аст ҷангиён дар ҷараёни маросими Наврӯз бар хориҷиҳо ҳамла кунанд. Сафорати Амрико дар Кобул дар сафҳаи "Фейсбук"и худ гуфтааст, ки гузоришҳои зиёдеро дар ин маврид аз нимаи моҳи ҷорӣ ба ин сӯ дарёфт кардааст.

Бар асоси ин хабарнома, гурӯҳҳои мусаллаҳ тасмим доранд то дар Кобул -пойтахти Афғонистон ба ниҳодҳои давлатӣ ва ҳамчунин ниҳодҳои амрикоӣ ва хориҷӣ ҳамла кунанд. Сафорати Амрико дар эъломия гуфтаааст, шӯришиён ҳамчунон таҳдид кардаанд, ки бар маҳалли таҷаммӯи хориҷиҳо, аз ҷумла меҳмонхонаҳо ва мактабҳо низ ҳамла хоҳанд кард. Дар хабарнома аз ҳама шаҳрвандони амрикоӣ хоста шудааст, ки аз эҳтиёт кор бигиранд.

Ҷашни Наврӯз дар Тоҷикистон ва Афғонистон сар аз рӯзи панҷшанбеи 21-уми март оғоз меёбад ва чанд рӯз идома хоҳад кард. Дар Тоҷикистон ба ин муносибат рӯзҳои 21-25 таътили расмӣ эълон шудааст.

XS
SM
MD
LG