Нахуствазири Зеландияи Нав мегӯяд, ҳукумати ӯ иҷозат нахоҳад дод раванди муҳокимаи ҳамлавар ба ду масҷид дар Крайстчёрч, ба фурсате барои ӯ барои таблиғи худаш ва ақидаҳояш табдил шавад. Ҷасинда Ардерн рӯзи 19-уми март дар порлумони кишвараш гуфтааст, "ӯ як террорист аст. Ӯ як ҷинояткор аст. Ӯ як фарди ифротӣ аст. Вале вақте ман аз ӯ сӯҳбат мекунам, ӯ ҳатто номе нахоҳад дошт."
Ҷасинда Ардерн, ки дар чанд рӯзи гузашта бо пайвандону хешовандони ҳамла ба ду масҷиди Крайстчёрч ва дигар шаҳрвандони мусалмони кишвараш мулоқот кард ва дар маросими ёдбуди қурбониён иштирок намуд, мегӯяд, "номи онҳоеро, ки ҷон доданд ба забон биоваред, на номи мардеро, ки ҷони онҳоро гирифт."
Расонаҳои Зеландияи Нав ҳамлаҳои рӯзи ҷумъа ба ду масҷидро "бадтарин ҳамлаҳои террористӣ" дар таърихи ин кишвар хонданд.
Нахуствазири Зеландияи Нав гуфтааст, ҳамлавари нажодпарасти австралиягӣ "бо иқдоми террористии худ дар пайи хеле чизҳо буд. Матраҳ кардани худаш яке аз онҳо буд. Ва ин ҳамон чизе аст, ки мо қатъан онро ҷилавгирӣ хоҳем кард". Суханронии хонум Ҷасинда Ардерн дар порлумони Зеландияи Нав бо ибораи "Ассалому алайкум" оғоз шудааст.
Хабаргузории "Ассошиэйтед пресс" мегӯяд, Ҷасинда Ардерн дар посух ба ин пурсиш, ки оё хостори баргузории муҳокимаи ҳамлавар ба масоҷид пушти дарҳои баста аст, гуфтааст, тасмимгирӣ дар мавриди раванди умури додгоҳӣ дар ҳавзаи ихтиёроти ӯ нест.
Брентон Таррант -- фарди ҳамлавар, ки нажодпарасти астралиягӣ мебошад, рӯзи ҷумъаи гузашта ба ду масҷид дар шаҳри Крайстчёрчи Зеландияи Нав ҳамла кард, ки бар асари он 50 нафар ҷони худро аз даст доданд. Қурбониёни ин ҳамла кӯдакон, пиронсолон, занон ва мардон буданд.
Ин фарди 28-сола пеш аз оғози ҳамла ба масҷиди "Нур" як "манифест" дар ҳаҷми 74 сафҳа мунташир кард ва куштори марду дар масҷидро низ ба таври зинда аз "Фейсбук" ва бо истифода аз дурбине, ки ба сари худ васл карда буд, пахш намуд.
Нахуствазири Зеландияи Нав таъкид кардааст, ки ҳукумати ӯ бо "Фейсбук" дар тамос аст, то ҳамаи нусхаҳои пахшшуда дар ин шабакаи иҷтимоӣ ҳазф шавад. "Фейсбук" гуфтааст, то ба ҳол 1,5 миллион нусхаи ин навори видеоиро пок кардааст. Ҷасинда Ардерн гуфтааст, "мо ақида дорем, ин навор набояд пахш шавад, дар дастрас бошад ва касе онро тамошо кунад".
Нахуствазири Зеландияи Нав дар айни ҳол таъкид кардааст, ки даст ба анҷоми ислоҳот дар қонунҳои вобаста ба доштани силоҳ дар кишвараш хоҳад зад. Ҳамлавар ба ду масҷид дар Крайстчёрч ба таври қонунӣ чанд мил силоҳ ва садҳо тир дар ихтиёр доштааст. Нахуствазири Зеландияи Нав гуфтааст, ки "қонун бо тамоми қувват" дар нисбати ин фард иҷро хоҳад шуд.
Ӯ дар айни ҳол афзудааст, "ин фард аз инҷо набуд. Инҷо калон нашуда буд. Ақидаҳояшоро дар ин кишвар ба даст наоварда буд. Вале ин тавр нест, ки бигӯем, ки ақидаҳое монанди ақидаҳои ӯ дар ин кишвар вуҷуд надорад."
Расонаҳои Зеландияи Нав ҳамлаҳои рӯзи ҷумъа ба ду масҷидро "бадтарин ҳамлаҳои террористӣ" дар таърихи ин кишвар хондаанд.
Сафирони ғарб ба худ савол надоданд, ки агар ин гурӯҳи чинояткор мусаллаҳ намебуд, чӣ гуна афсари Алфа аз синааш кушта мешуд ?
18.05.2022 интернет дар Бадахшон қатъ гардидааст. Яъне ту деҳотӣ дур аз Бадахшон шарҳ навиштӣ, зеро дар Хоруғ мебудӣ шарҳ навишта наметавонистӣ барои, ки интернет қатъ буд. Пас, ту дур аз маҳалли нотинҷ , яъне дур аз хатар ба ҷони худ муаян мекунӣ, ки кӣ мардуми он минтақа чӣ мехоҳад? Ба назар мерасад аз дур ба шурандозӣ машғули
Ина ба ту *свиноферма*. Ин мардуми махалчи худшон намедонанд ки чи мехоханд. Дар хакикат ба кисми зиёди мардум душвор аст, лекин талаботи ин мардум ночо аст. Чиноятпешаора гам натен чи коре хоханд, анчом бтан. Аз пайи ду-се чиноятпеша хестану мардумро сарсон ва чомеаро ноором кардан, корест мутлако хато. Барои бехтар кардани шароити зист, муайё кардани шароити зиндагии арзанда, масъалаи маош ва нафака, ташкили чойои кори митинг кардан арзанда аст.
Ха бие хамаро бархам тим,амниятам,милисаям,вазиру казиру,муалиму,военкомату солдату духтуру ва хоказо..ро,Кабрда дарою хоб рав,ана хамончода гайр аз ту дигар кумита нест!
Durust, boyad hama muvofiqi konun amal kunem. Nashnida boshi agar ina aku bishnav az man ki talaboti mardumi jamomadai Xorugh va kishlokhoi girdu atrof ham hamin ast ki boyad hama az rui konun amal kunem, hej talaboti digare pesh ovarda nashudaast. Baroi hamin yak talaboti ba talabi xdt monand ba sarashon lashkar kashidand...