Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Миср аз Русия даҳҳо ҳавопаймои ҷангии Су-35 харидорӣ мекунад


Ҳавопаймои ҷангии Su-35
Ҳавопаймои ҷангии Su-35

Миср бо Русия барои харидории даҳҳо ҳавопаймои ҷангии Су-35 қарордод имзо кард. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" рӯзи 18 март бо такя ба намояндаи саноати таслиҳоти Русия хабар дод.

Қарордоди фурӯши ҳавопаймоҳо ва таҷизоти маҳви ҳавоӣ ба маблағи 2 миллиард доллар имзо шудааст. Гуфта мешавад, ки созишнома охири соли 2018 ҳукми иҷро гирифт, аммо интиқоли ҳавопаймоҳо ва таҷҳизоти дигар ба солҳои 2020-2021 барномарезӣ шудааст. Ба гуфтаи ҳамсӯҳбати "Коммерсант", ин қарордод корхонаи таслиҳотии Комсомолск -на -Амурро "чандин сол бо кор таъмин мекунад".

Қоҳира баъди ба қудрат расидани Абдулфаттоҳ ал-Сисӣ, соли 2013, ки бо кӯмаки низомиҳо президент Муҳаммад Мурсиро аз раёсат дур кард, фаъолона ба бозсозии таслиҳотӣ оғоз намуд. Ҳоло Миср яке аз харидорони аслии таҷҳизоти низомии Русия аст. Феълан Маскав ба Миср ҳавопаймои ҷангии МиГ-29/M2, чархболи ҷангии Ка-52, маҷмаи дифои мушакӣ, силоҳои оташфишон ва муҳмоти ҷангӣ мефурӯшад.

Соли 2015 Русия барои фурӯши ҳавопаймои Су-35 бо Чин, ва охири соли 2018 бо Индонезия созишнома имзо кард. Ин созиш Чинро таҳти таҳримҳои ИМА қарор дод. Бинобар таҳрими бахшҳои Вазорати дифои Русия, онҳо ҳақ надоранд муҷаввизи содиротро дарёфт кунанд ва ё бо ширкатҳои амрикоӣ ҳамкорӣ намоянд.

Сарфи назар аз таҳдиди таҳримҳо, ҳукумати Индонезия тасмим надорад, ки қарордод бо Русияро бекор кунад. Интиқоли нахустин ҳавопаймоҳои ҷангии Русия ба он кишвар метавонад охири соли 2019 оғоз шавад.

XS
SM
MD
LG