Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зиндагии як хонаводаи 23-нафарӣ дар зери хайма. ВИДЕО


Як хонаводаи иборат аз 23 нафар тӯли тақрибан 10 моҳи ахир зери барфу борон дар як хаймае дар маркази Душанбе зиндагӣ мекунад. Манзили ин хонавода дар пайи як амалиёти қаллобии хешовандонаш таҳти ҳабс қарор дорад ва Додситонии кулли Тоҷикистон ҳанӯз тасмими худро дар бораи ин қазия эълон накардааст. Аъзои ин хонавода ба навбат яксоатӣ мехобанду ҳатто ҳоҷатхонае дар ихтиёр надоранд.

Манзили Маҳмурод Саидов, сарвари хонавода дар кӯчаи Назаршоеви шаҳри Душанбе қарор дорад. Ҳарчанд феълан ҷаноби Саидов роҳбарии як хоҷагии деҳқонӣ дар ноҳияи Восеъро ба зимма дорад, вале то чанд соли қабл дар вазифаи муовини аввали раиси ин ноҳия кор кардааст. Аслан Маҳмурод Саидов аз солҳои ҳаштодуми қарни гузашта сокини пойтахти Тоҷикистон шуда, дар масоҳати 16 сотих дар кӯчаи Назаршоев ҳавлии дутабақа сохтааст.

Падари ин хонадон мегӯяд, писаронаш ба доми фиреби хусурбачааш даромада, пинҳонӣ ҳуҷҷатҳои ин манзилҳоро барояш додаанд ва вай ин санадҳоро ба унвони гарав бар ивази қарзҳо дар бонкҳо гузоштааст.

Вақте ба суроғи Маҳмурод Саидов омадем, ӯ ва узви хонаводаашро зери хаймае дар назди дарвозаи ҳавлиааш дарёфтем. Дар посух ба ин савол, ки чаро дар ҳавлиаш зиндагӣ намекунад, Саидамоҳ Қараева, ҳамсари Маҳмурод Саидов чунин гуфт, ки бародараш бо роҳи тақаллуб ҳуҷҷатҳои ин ҳавлӣ ва чанд манзили дигарашонро барои гирифтани қарз ба чанд бонк ба гарав гузоштааст.

Саидамоҳ Қараева афзуд, шавҳараш аз ин қазия огаҳӣ надошт ва ӯ фаҳмид, ки бародараш Низом ҳамроҳи занаш 5 хонаи онҳо, яъне ду ҳавлӣ ва се манзил дар биноҳои баландошёнаро барои гирифтани қарз дар бонк ба гарав гузоштааст.

Ба гуфтаи Саидамоҳ Қараева, Низом писарони ӯ Бахтиёру Умедҷонро фиреб дода, гуфтаст, "бизнес мекунем, хонаҳоро падару модарат нафаҳмад, ба ҳолати аввала баргардонда медиҳем. Вақте аз ин кори додарам бохабар шудам, наздаш рафта ҷанҷол кардам. Гуфт, агар ман хонаҳои шуморо дар бонк намемондам, ман аз чанд одам қарздор будам ва маро суд мекарданд".

Маҳмурод Саидов баъд аз огаҳӣ аз ин қазия талош мекунад манзилҳояшро аз гарави бонкӣ озод кунад. Ба ин манзур ҳудуди як миллион сомонӣ қарзи хусурбачаашро ба бонкҳо бармегардонад. Аммо маблағи фоизҳои бонкӣ боқӣ монда буданд ва хусурбачааш аз роҳи тақаллубӣ ҳуҷҷатҳои манзилҳояшро ба номи худ гузаронидааст. Бо ин вуҷуд, Маҳмурод Саидов хостааст ҳатто маблағи фоизҳои қарзҳои бонкиро низ баргардонад, аммо иҷрочиёни судӣ пешдастӣ карда, ҳавлиаашро зери ҳабс қарор медиҳанд.

Маҳмурод Саидов мегӯяд, "мо дар хона набудем, моро мӯҳлат доданд, рафтем, пул супоридем, мехоҳам онро тафтиш кунанд, ман пул супорида будам, 700 ҳазор сомонӣ. Лекин тамоми ҷиҳози хонаро бароварда, моро дар берун монданд. Маҷбур шудам аз чанд тахтапора хаймае сохта, бо оилаам дар ин ҷо аллакай қариб 10 моҳ зиндагӣ кунам".

Зиндагии як хонаводаи 23-нафарӣ дар зери хайма
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:52 0:00

Садоқат Қосимова, ҳамсари Низом -- бародари Саидамоҳ Қараева изҳор дошт, ки дар як соли ахир тиҷораташ дар мағозае дар шаҳри Душанбе тавсеа намеёбад ва ночор шудааст се манзилашро ба гараф гузошта аз бонкҳо қарз бигирад. Вале ин амр низ барои наҷоти тиҷораташ кӯмак накардааст ва ночор шудааст аз хонаводаи хоҳари шавҳараш кӯмакхоҳӣ кунад.

Вай гуфт, "мутаассифона, дар як соли ахир тиҷорати ман на танҳо рушд, балкӣ ба нестӣ меравад. Дуруст аст, ки ман аз оилаи хоҳари шавҳарам чанд манзилро дар бонкҳо ба гарав гузоштаам. Вале, ҳоло талош дорам, ки ҳар яке аз ин манзилҳоро аз гарави бонкҳо гирифта ба соҳибаш баргардонам. Ба ин хотир қарзҳои нав гирифтам. Бигзор хонаҳои худам аз даст бираванд, вале манзили касе бароям даркор нест. Мушкил дар он аст, ки фоизи қарзҳои бонкҳо имкон намедиҳанд, ки қарзи асосиро зудтар пардохт карда, хонаҳоро аз гарав озод кунам".

Парванда аз сӯи додситонӣ баррасӣ мешавад

Дар идомаи ин қазия Маҳмурод Саидов дар нисбати Садоқат Қосимова, ҳамсари додари хонумаш ба додситонии ноҳияи Шоҳмансур шикоят бурд. Маъмурони додситонӣ эълон кардаанд, ки амали хонум Қосимова ғайриқонунӣ аст ва нисбаташ ба иттиҳоми қаллобӣ парвандаи ҷиноӣ боз карда, ба таври муваққатӣ ӯро боздошт ва то замони тасмими ниҳоӣ, озод карданд.

Аммо ба гуфтаи Маҳмурод Саидов дар моҳи феврали соли ҷорӣ ин хонум ба озодӣ баромад ва гуфтааст, ки куллияи манзиҳои худро бозпас мегирад. Додситонии кулли Тоҷикистон то ҳол баррасии ин қазияро тафтиш мекунад Дар натиҷа, хонаводаи Маҳмурод Саидов ва 22 нафар наздиконаш бидуни шароити муносиб амалан дар кӯча зиндагӣ мекунанд.

Заррина Сангинмаҳмадова, корманди Додситонии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки воқеан ду сол қабл дар робита ба қазияи Маҳмурод Саидов тибқи чаҳор банди Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон дар робита ба қаллобӣ парвандаи ҷиноӣ боз карда буд ва тафтишот собит кард, ки хешовандони Маҳмурод Саидов нисбати моликияти вай амалҳои қаллобӣ анҷом додаанд. "Додситонии шаҳри Душанбе низ ин хулосаҳоро тасдиқ кард. Ҳоло ин парванда аз сӯи Додситонии кулли Тоҷикистон баррасӣ мешавад",-гуфт Заррина Сангинмаҳмадова.

"Омбудсмен ба куҷо нигоҳ мекунад?"

Дилрабо Самадова, раиси Дафтари “Озодиҳои шаҳрвандӣ” дар Тоҷикистон дар шарҳи ин ҳодиса гуфт, ки мутассифона, дар чанд соли ахир баррасии парвандаҳои шаҳрвандӣ дар кишвар бе далел ба дарозо кашида мешавад ва ҳодисаҳое ҳастанд, ки ҳатто дар нисбати парвандаҳои оддӣ тӯли солҳо қарори ниҳоӣ содир карда намешавад.

Вай дар робита ба қазияи хонаводаи Маҳмурод Саидов гуфт, барояш тааҷҷубовар аст, ки чаро дар ин замина мақомоти маҳаллӣ, яъне ноҳияи Шоҳмансур ё шаҳрдории Душанбе иқдомеро рӯи даст намегиранд. Ба гуфтаи вай, дар ҳолате, ки кӯдакони хурдсол бе сарпаноҳ мемонанд, мақомот бояд ба онҳо манзили муваққатӣ пешниҳод кунад.

"Магар онҳо хабар надоранд, ки қариб 20 ноболиғ тӯли 10 моҳ зери хаймае зиндагӣ мекунанд? Гузашта аз ин, Ваколатдори ҳуқуқи кӯдак дар Тоҷикистон ба куҷо менигарад? Зеро, тибқи қонунгузории кишвар ҳар як кӯдак бояд бо шароити муносиби зиндагӣ таъмин карда шавад",-афзуд вай.

"Кӯдакон шабҳои дароз гиря мекунанд"

Раҷабгули Нуриддин, келини Маҳмурод Саидов мегӯяд, ки дар фасли сармо кӯдаконаш пайваста аз сардӣ азият кашида, шабҳо гиря мекунанд ва шароити шустушӯи онҳо вуҷуд надораду ба навбат ғизо мехӯранду як соатӣ мехобанд. Вай гуфт, ки худаш ва кӯдаконаш дар фасли зимистон пайваста сармохӯрда буданд ва умедвор аст, ки бо гарм шудани ҳаво, вазъи чаҳор фарзандаш беҳтар мешавад.

Маҳмурод Саидов мегӯяд, ки тӯли 30 сол дар Роҳи оҳани Тоҷикистон кор карда, соҳиби мукофотҳои давлатӣ низ гаштааст. Баъд аз кор дар Роҳи оҳани Тоҷикистон ӯро, ки зодаи ноҳияи Данғара мебошад, ба вазифаи муовини аввали раиси ноҳияи Восеи вилояти Хатлон таъйин кардаанд. Аз соли 2014 ҳамзамон машғули кишоварзӣ шуда, соли гузашта танҳо аз фоидаи ба даст омада аз парвариши гандум беш аз як миллион сомонӣ суд гирифтааст.

Вай афзуд, ки тайи солҳои зиндагиву фаъолияташ дар Душанбе вай барои писаронаш чанд манзиле харидорӣ карда буд, ки онҳо тавонанд зиндагии мустақилона дошта бошанд. Аммо писаронаш ба доми фиреби хусурбачааш даромада, пинҳонӣ ҳуҷҷатҳои ин манзилҳоро барояш додаанд, ки вай ин санадҳоро ба унвони гарав бар ивази қарзҳо дар бонкҳо гузорад.

XS
SM
MD
LG