Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба Салиби Сурх ва вакили тоҷик иҷоза надодаанд, ки ба Ворух раванд


Манобеи расмӣ дар Исфара гуфтанд, нерӯҳои марзбонии Қирғизистон шаби гузашта иҷоза надодаанд, ки имдодгарони Салиби Сурх ба ҷамоати Ворух рафта, ба мардуми осебдидаи он кумаки тиббӣ расонанд.

Як ҳамсуҳбати мо дар ниҳодҳои расмии Исфара рӯзи 17-уми март бо шарти фош нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, "ҳоло онҳо дар Хоҷаи Аълои ҷамоати Чоркӯҳ ҳастанд. Дар мошин дору ва таҷҳизоти зарурии тиббӣ доранд".

Инчунин, Мавзуна Шамсиддинзода, вакили Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон, натавонистааст рӯзи шанбе ба Ворух рафта, бо вазъ аз наздик шинос шавад. Ӯро аз Хоҷаи Аълои ҷамоати Чоркӯҳ пас гардондаанд.

Талоши тамосҳои мо бо вакили порлумони Тоҷикистон, ки ҳоло дар Исфара қарор дорад, то ин дам бенатиҷа буд.

Мақомоти марзбонии Қирғизистон ва намояндагии Салиби Сурх дар Тоҷикистон низ вазъиятро шарҳ надодаанд.

Дар ҳамин ҳол, Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, рӯзи 17-уми март дар суҳбати кӯтоҳи телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, "вазъият хуб аст, ҷои нигаронӣ нест, тафсилотро баъди анҷоми гуфтушунид мегӯем."

Роҳи миёни Исфара ва Ворух ва Ӯш-Бодканд-Исфана чаҳор рӯз боз бастааст. Бино ба иттилои дарёфтӣ, ҳайатҳои расмии Тоҷикистону Қирғизистон дар музокироти рӯзи 16-уми март ин масъаларо баррасӣ кардаанд, вале маълум нест, ба чӣ натиҷа расиданд.

Ин роҳҳо дар пайи муноқишаи рӯзҳои 13 ва 14-уми март баста шудаанд. Дар ин муноқишаҳо ду шаҳрванди Тоҷикистон кушта ва беш аз бист нафари дигар захмӣ шуданд.

Мақомоти Қирғизистон мегӯянд, дар ин ҳодиса се шаҳрванди он кишвар низ маҷруҳ шудаанд.

Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 900 километр марз доранд ва аз ин ҳисоб беш аз чаҳорсад километри он муайян ва аломатгузорӣ нашудааст. Ҳамин номуайянӣ боис мешавад, ки сари чанд вақт сокинон барои сохтмони роҳ ва обу чарогоҳ бо ҳам даргир шаванд.

Гузоришҳои видеоӣ

Зане, ки дар Душанбе латту кӯб шуд, бемори рӯҳӣ будааст
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:18 0:00
XS
SM
MD
LG