Бино ба санадҳои наве, ки Идораи пизишки қонунии Вашингтон ошкор кард, устухони гардани Михаил Лесин, вазири собиқи матбуоти Русия, пеш аз марг шикаста буд. Аснод ҷузъиёти навро аз рӯзҳои охири ҳаёти ӯ бозгӯ мекунад.
- Михаил Лесин, яке аз шахсиятҳои муҳими таъсиргузор, то соли 2004 вазири пешини матбуот, телевизион ва радиои Русия буд. Ӯ баъдан дар мақоми мушовири раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин ва раиси идораи ҳолдинги "Газпром-медиа" фаъолият кард.
Писари Михаил Лесин ба муфаттишон гуфтааст, намедонад, ки падараш чаро дар пойтахти Амрико қарор дошт. Вале гуфтааст, ӯ ҳангоми сафарҳои корӣ беш аз ҳад шароб менӯшид
Лесин аз чӣ фавтид?
Лесин рӯзи 3-юми ноябри соли 2015 бояд дар як зиёфати бузург дар яке аз меҳмонхонаҳои бошукӯҳи Вашингтон иштирок мекард, аммо ӯ ба меҳмонӣ нарафт. Баъд аз 48 соат ҷасадашро дар утоқи меҳмонхонаи Dupont Circle, ки дар онҷо мезист, пайдо карданд.
Хулосаҳои ошкоршуда дар мавриди марги ғайритабии Михаил Лесин шаҳодати дақиқ намедиҳанд. Дар як хулосаи дигар дар ин ҳуҷҷатҳо гуфта мешавад, ки устухон метавонист баъди марг ва ё ҳангоми колбадшикофӣ шикаста бошад.
Аммо ин ва шаҳодатҳои дигаре, ки дар ҳуҷҷати 149-саҳифаӣ дарҷ ёфтааст ва махсус барои Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ дода шудаанд, дар мавриди марги Лесин маълумоти дақиқ ва илман асоснок медиҳанд.
Марги ӯро мақомоти расмӣ тасодуфӣ эътироф карданд, ҳарчанд он натиҷаи зарбаи ашёи кунд ва истифодаи беш аз ҳадди машрубот будааст.
Посух ба даъвои Радиои Озодӣ
Ин аснод аз ҷониби Раёсати марказии коршиносони тиббӣ-додгоҳӣ дар посух ба даъвои Радиои Озодӣ бар асоси қонун дар бораи озодии иттилоот нашр карда шуд.
Тақрибан ду сол қабл бар асоси аризаи Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ додрас Хирам Пуиг-Луго ба мақомоти Вашингтон амр дод, ки ин ҳуҷҷатҳо ошкор карда шаванд.
- Дар ин санад ин нуктаҳо ҳастанд: Устухони зери забони Михаил Лесин, ки дар поёни мушакҳои забон қарор доранд, шикаста шудаанд. Ҳамчунон гардани ӯ поинтар аз манаҳ шикаста шуда буд, аммо ин ҷароҳат метавонист ҳангоми марг ва ё қабл аз он ба вуҷуд омада бошад.
Бино ба шаҳодати дигаре аз ин ҳуҷҷат гардан метавонист ҳангоми колбадшикофии ҷасади вазири собиқи Русия шикаста бошад.
Писари Лесин: "Ӯ дар сафарҳои корӣ бисёр менӯшид"
Оҷонсии таҳқиқоти федералии Амрико (FBI) имкони шурӯи тафтишоти марги Лесинро дар оғози соли 2016 баррасӣ мекард. Маълум нест, ки ин кор оғоз шуд ё не. Аммо рӯшан аст, ходимони FBI дар бозпурсии шоҳидон ва омӯзиши навори дурбинҳои назоратии меҳмонхонае, ки Михаил Лесин дар онҷо фавтида буд, ширкат доштанд.
Антон, писари Михаил Лесин, дар Беверли Ҳиллз ба муфаттишон гуфтааст, намедонад, падараш чаро дар пойтахти Амрико қарор дошт. Вале гуфтааст, ӯ ҳангоми сафарҳои корӣ беш аз ҳад шароб менӯшид.
- Як рӯз баъд аз он ки Идораи раёсати марказии ташхиси тиббӣ гузориши муқаддамотиро нашр кард, яке аз мансабдорони ин идора ба назди додгоҳи ҳакамӣ даъват шуда буд, то дар мавриди марги Лесин шоҳидӣ диҳад.
- Дар гузорише, ки дар рӯзи ёфт шудани ҷасади Лесин таҳия шудааст, муфаттише аз Идораи марказии ташхиси тиббӣ менависад, “детектив занг зад ва гуфт, “дӯсти” ин мансабдори собиқи Русия бо ӯ дар тамос шуд ва дар мавриди ҷойи нигоҳдориаш пурсид".
Новобаста аз хулосаи расмӣ, ки марги Михаил Лесин тасодуфӣ буд, робитаи ӯ бо элитаи Русия, ҳолати мармузи маргаш ва ҳамингуна фавти як зумра русҳо дар саросари ҷаҳон гумонзаниҳоеро халқ карданд, ки мумкин ӯро кушта бошанд.