Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омӯзиши забони суғдӣ дар Тоҷикистон. ВИДЕО


  • “Ман бепул ва бе либос мондам ва зиндагии бадбахтонае дорам. Ту маро танҳо ва бесарпаноҳ мондӣ. Кош зани хук мешудам, зани саг мешудам, аммо зани ту намешудам!”
Бо забони суғдӣ дастхату навиштаҳои муҳимие пайдо шудааст. Бояд дар Тоҷикистон ҳам муттахасисон ин забонро биомӯзанд ва мӯҳтавои дастхатҳо ва таърихи ниёгони худро ба наслҳои баъдӣ бирасонанд

Ин номаи пур аз дарди Меванӣ, як зани суғдӣ аст, ки 1800 соли пеш бо хатти суғдӣ ба шавҳараш навиштааст.

Меванӣ бидуни хоҳиши волидон, ҳамроҳ бо шавҳараш, ки бозаргон буд, ба Чин меравад ва дар онҷо 3 сол бо як фарзанд танҳову сарсон мемонад. Ин номаи зани суғдӣ ҳам дар қатори чанд дастхат соли 1927 аз ҳудуди Чин пайдо шудааст. Аз рӯйи ҳамин дастхатҳои суғдӣ Раҳом Аша, донишманди эронии муқими Фаронса ба хоҳишмандон дар Тоҷикистон забони суғдиро меомӯзонад.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Омӯзиши забони суғдӣ дар Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:03:36 0:00

Тахассуси Раҳом Аша риёзист, аммо аз рӯйи зарурат забонҳои мурдаи авестоӣ ва суғдиро аз худ кардааст. Беш аз як моҳ аст, ки дар Академияи илмҳои Тоҷикистон ба алоқамандон дарси забони суғдӣ медиҳад.

Ӯ рӯзи 17-уми март дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ду сол пеш ҳангоми як сафараш ба Душанбе ба майли зиёди бархе аз тоҷикон ба забонҳои қадимӣ, аз ҷумла забони суғдӣ таваҷҷӯҳ кард ва барои таълими ин забон ба ин ҷо даъват шуд.

Ба гуфти ин донишманд, шинохти забони суғдӣ барои мардуме, ки гузаштагонашон соҳиби ин забон буданд, муҳим аст. “Бо забони суғдӣ дастхату навиштаҳои муҳимие пайдо шудааст. Бояд дар Тоҷикистон ҳам муттахасисон ин забонро биомӯзанд ва мӯҳтавои дастхатҳо ва таърихи ниёгони худро ба наслҳои баъдӣ бирасонанд”, - афзуд ӯ.

Ин донишманд мегӯяд, ҳоло дар ҷаҳон фақат чанд олиме боқӣ мондааст, ки ин забонро хуб медонанд. Дар Тоҷикистон ҳам ҳоло касе бо ин забони ба истилоҳ мурда суҳбат карда наметавонистааст. Раҳом Аша мегӯяд, “агар дар ин ҷо нафаре забони авастоӣ, суғдӣ хоразмиро надошта бошад, умеде ба пешрафтҳои бузург набояд дошт.”

Хонандагони дарси забони cуғдӣ аксаран таърихнигорону забоншиносони тоҷик ҳастанд, ки барои анҷоми пажӯҳишҳо ба донистани он зарурат доранд. Аммо дар ин миён донишҷӯён ва ҳатто як наврасе ҳам ҳаст, ки аз рӯйи таваҷҷӯҳ ба забонҳои ба истилоҳ мурда, талоши аз худ кардани забони cуғдиро дорад.

Шукрона Камолова, хонандаи синфи 11-ум дар яке аз мактабҳои пойтахт аст. Ӯ баъди аз худ кардани забони авастоӣ ва санскрит, ҳоло забони суғдиро меомӯзад. Шукрона медонад, ки ин забонҳоро дар амал зиёд истифода карда наметавонад. “Аммо достону матнҳои ҷолибе бо ин забон ҳаст, ки мо метавонем онҳоро хонем”, - гуфт ӯ.

Раҳом Аша
Раҳом Аша

Аксар омӯзгорон ва ҳамсабақон ҳам бо ҳайрат аз ӯ мепурсанд, ки чаро вақти худро ба омӯзиши забонҳои ба истилоҳ мурда сарф мекунад. Ӯ гуфт, “онҳо мегӯянд, ки беҳтар нест, забони хориҷӣ биомӯзӣ. Аммо ман ба онҳо посух медиҳам, ки ҳамаи забонҳо хубанд ва мехоҳам ҳамаи ин забонҳоро донам. Забони анлисиву чиниро ҳам меомӯзам.”

Забони суғдӣ то асри 13 дар Суғди қадим ва забони гуфтугӯии мардум буд. Аз Самарқанду Бухоро гирифта то Панҷакенту Хуҷанд бо ин забон сӯҳбат мекардаанд. Ба гуфтаи донишмандон, мардуми Суғд дар замони худ тоҷирони моҳире буданд ва роҳҳои тӯлониро то Чин тай мекарданд. Ҳамроҳ бо тиҷорат онҳо ҳамчунин забони худро ба берун бурда ба як забони байналмиллалии тиҷорӣ табдил доданд.

Ба гуфтаи донишмандон, “пораҳои ин забон ҳоло дар Яғноби Тоҷикистон мушоҳида мешавад.” Забони яғнобиро бархе аз олимон ҳоло забони нави суғдӣ ҳам меноманд. Сайфиддин Мирзоев, мудири шӯъбаи забон дар пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ, ки яке аз хонандагони забони Суғдӣ аст, гуфт, “чун Яғноб гӯшаи дурдаст буд ва аз чаҳор тараф куҳҳо иҳота кардаанд, ин забон то ҷое боқӣ монд."

Сайфиддин Мирзоев
Сайфиддин Мирзоев

Сайфиддин Мирзоев, муттахасиси забони яғнобӣ аст ва мегӯяд, омӯхтани забони суғдӣ назар ба дигарон барои ӯ осонтар аст. Ба боварӣ ӯ, “омузиши забони суғдӣ барои омӯзиши таърихи забон ва решашиносии калимаҳо аҳамияти муҳим дорад.”

Дар маҷмӯъ, ба гуфтаи Раҳом Аша, донишманди хориҷӣ, ки барои хоҳишмандон дар Тоҷикистон забони суғдиро меомӯзонад, таълими хатти суғдӣ мураккаб аст. Ӯ мегӯяд, дар рӯзҳои аввали дарс афроди зиёде хоҳиши омӯхтани забони суғдиро карданд, ваел барои бархе ин хат мушкил буд ва дарсҳоро тарк намуданд.

Чӣ қадар аз забонҳои дунё мурдаанд ва ё аз байн рафтаанд, дақиқ нест. Вале донишмандон мегӯянд, беш аз 380 забон дар ҳоли аз байн рафтан аст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available
Идома
XS
SM
MD
LG