Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Садҳо ҷангҷӯи ДИИШ ва хонаводаҳояшон таслим шуданд. ВИДЕО


Занону кӯдакони зоҳиран мансуб ба ҷангҷӯёни ДИИШ аз деҳкадаи Боғузи Сурия хориҷ мешаванд
Занону кӯдакони зоҳиран мансуб ба ҷангҷӯёни ДИИШ аз деҳкадаи Боғузи Сурия хориҷ мешаванд

Бо наздик шудани нерӯҳои шӯришии Сурия ба охирин пораи қаламрави таҳти назари гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” ва саркӯб кардани онҳо, садҳо ҷангҷӯи ДИИШ ва аъзои хонаводаҳояшон худро таслим карданд.

Мустафо Балӣ, сухангӯи нерӯҳои демократии Сурия, рӯзи 14-уми март дар Твиттер навишт, “дар пасманзари амалиёти мо алайҳи ДИИШ наздик ба 1300 террорист ва аъзои хонаводаи онҳо имрӯз ба нерӯҳои мо таслим шуданд.”

Нерӯҳои демократии Сурия – нерӯи шӯришии таҳти назари курдҳост, ки Амрико онро бо ҳамлаҳои ҳавоӣ пуштибонӣ мекунад. Ин гурӯҳ ба ҳадафи худ, яъне маҳви охирин боқимондаҳои ба ном "хилофат" дар Сурия наздик шудааст. Гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” замоне қаламравҳои бузургро дар Сурия ва Ироқ таҳти назорат дошт.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Дар Сурия боз 1300 ҷиҳодӣ таслим шудааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:00 0:00

Яке аз мардоне, ки рӯзи 14-уми март дар канораҳои Боғузи Сурия ба нерӯҳои курди таҳти пуштибонии Амрико таслим шуд, худро шаҳрванди Қирғизистон номид. Вай гуфт, “муносибати онҳо бо мо хуб буд, аммо вазъият даҳшатбор шудааст.”

Вазъи сиҳатии бисёре аз таслимшудаҳо ногувор арзёбӣ мешавад. Рӯзи панҷшанбе амалиёт дар Боғузи Сурия мутаваққиф гардид ва ба “ҷиҳодиҳо” имкон дода шуд, ки силоҳро ба замин гузошта, худро ба нерӯҳои зери сарпарастии Амрико таслим кунанд.

Дар байни теппаҳо долони махсус ташкил шуд, то снайперҳои гурӯҳи даҳшатафкани "Давлати исломӣ" натавонанд, афроди таслимшавандаро ҳадаф қарор диҳанд

Ҷокар Аҳмад, сухангӯи Воҳиди ҳифозати мардумии курдҳо – бахши калидии Нерӯҳои нерӯҳои демократии Сурия – гуфт, “онҳое, ки дар дохили камп монданд, ҷангҷӯёни интиҳорӣ буданд, ки худро мунфаҷир ва ҳаракат ба пешро мушкил мекунанд.”

Ба қавли раҳбарони Нерӯҳои демократиир Сурия, аз рӯзи 10-уми март ба ин тараф ҳудуди 3000 ҷангҷӯёи гурӯҳи террористии "Давлати исломӣ" ба онҳо таслим шудаанд.

Бидуни шарҳ, Навори таслим шудани ҷангҷӯён ва оилаи онҳо дар Сурия:

Дар Сурия боз 1300 ҷиҳодӣ таслим шудааст (навори бидуни таҳрир)
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:06:23 0:00

Нерӯҳои демократии Сурия таъкид кардаанд, ки дар ду рӯзи гузашта аз камаш 20 ҳамлаи маргталабона ҷилавгирӣ кардаанд. Ин манбаъ меафзояд, охири ҳафтаи гузашта дар ҷараёни амалиёти ишғоли охирин пойгоҳи гурӯҳи даҳшатфкани "давлати исломӣ" камаш 112 ҷангҷӯй кушта шуданд.

Мақомдорони низомии Амрико тахмин мекунанд, ки ягон нафар аз фармондеҳони ДИИШ дар Боғуз боқӣ намондааст.

Коршиносони ҳукуматии Амрико ба ин боваранд, ки пешвои ДИИШ Абубакри Бағдодӣ ба эҳтимоли зиёд дар Ироқ пинҳон аст ва бо ишғоли охирин пойгоҳ ҷангҷӯён аз камингоҳҳояшон ҳамлаҳои чирикӣ раҳандозӣ хоҳанд кард.

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Туркия дар низои ҳаштсолаи Сурия аз гурӯҳҳои мухталифи зиддиҳукуматӣ пуштибонӣ мекунанд. Русия ва Эрон ба президенти Сурия Башор Асад кумак мерасонанд.

Амрико дар раванди берун бурдани бахши умдаи нерӯҳояш аз Сурия аст, тасмиме, ки ҷангҷӯёни курд, шарикони Амрико дар ҷанг бо ДИИШ-ро нигарон кардааст.

XS
SM
MD
LG