Пулиси байналмилалӣ - Интерпол қарори боздошти 20 шаҳрванди Арабистони Саудиро содир кард, ки дар куштори хабарнигори мунаққиди Оли Сауд Ҷамол Хошуқчӣ айбдор мешаванд.
Дар ин бора нашрияи Daily Sabah бо истинод ба Вазорати адлияи Туркия иттилдодааст. Қарори боздошти шаҳрвандони Арабистони Саудӣ дар асоси дархости Анқара содир шуд.
Рӯзноманигори саудӣ Ҷамол Хошуқчӣ бо нашрияи The Washington Post ҳамкорӣ ва сиёсатҳои Риёзро танқид мекард. Рӯзноманигорро 2 октябри соли гузашта дар консулгарии Арабистони Саудӣ дар Истамбул куштанд. Вале ҷасади ӯ то ҳол пайдо нашудааст.
Ангушти иттиҳом ба сӯи валиаҳди Арабистони Саудӣ Муҳаммад бин Салмон баланд шудааст. Аммо Риёз даст доштани валиаҳдро дар ин ҳодиса рад мекунад. Мақомоти Арабистони Саудӣ дар робита ба қатли Хошуқчӣ 21 нафарро дастгир карданд. Боздоштшудаҳо даст доштани худро дар ин ҷиноят рад мекунанд.