Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таниш миёни Балху Кобул. Даргириҳои мусаллаҳона дар Мазори Шариф


Ба назар мерасад, ки саҳнаи сиёсии Афғонистон боз ба як бӯҳрони дигари амниятӣ ва сиёсӣ рӯбарӯ шудааст. Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳури Афғонистон фармондеҳи пулиси вилояти Балх Муҳаммад Акрам Сомеъро, ки аз тарафдорони волии пурқудрати пешин Атомуҳаммади Нур буд, барканор кард ва Абдурақиб Муборизро ба ҷои ӯ таъйин намуд. Ин амр ба мухолифати шадиди Атомуҳаммади Нур, ки дар минтақа аз нуфузи зиёд бархӯрдор аст, рӯбарӯ шудааст.

Баъд аз зӯҳри рӯзи панҷшанбе миёни тарафдорони Атомуҳаммади Нур ва нерӯҳои вижаи пулис мустақар дар Мазори Шариф ва дигар нерӯҳои хос, ки аз Кобул эъзом шудаанд, даргириҳо оғоз шудааст. Даргириҳо миёни нерӯҳои фармондеҳи пулиси Балх Муҳаммад Акрам Сомеъ ва нерӯҳои қитъаи 888-и пулиси вижа дар наздикии фармондеҳии пулиси Балх сурат гирифтааст.

Бо он, ки масъулони амниятӣ ва мақомоти давлатии вилояти Балх дар ин робита намехоҳанд бо расонаҳо сӯҳбат кунанд, хабарнигори Радиои Озодӣ аз маҳали ҳодиса гузориш дод, ки афроди мусаллаҳе, ки ба тан либоси ғайрнизомӣ доранд, низ дар атрофи маҳали рӯйдод ва дигар нуқтаҳои шаҳри Мазори Шариф дида мешаванд.

Ин афрод монеи наздик шудани хабарнигорон ва мардум ба атрофи фармондеҳии пулиси Балх шудаанд. Мунир Фарҳод, сухангӯи волии Балх гуфтааст, ки гуфтугӯ бо ҳадафи муаррифӣ ва ё муаррифӣ нашудани Абдурақиб Мубориз миёни аъзои Шӯрои вилоятӣ, намояндагони Шӯрои миллӣ ва масъулони фиристодашуда аз Кобул, дар дафтари раиси вилоят идома дорад. То ба ҳол талафоте аз ин даргириҳо гузориш нашудааст.

Тибқи иттилои расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ, вазъ дар шаҳри Мазори Шариф -- маркази вилояти Балх, чандон оддӣ ба назар намерасад.

Атомуҳаммади Нур гуфтааст, ки тағйири фармондеҳи пулиси Балх як тавтеа бар зидди амният ва оромиши мардум аст. Ӯ рӯзи гузашта дар як гирдиҳамоӣ дар шаҳри Мазори Шариф гуфт, ки ин тағйирот ва таъйинот сабаби таниш ва ҷанг дар баробари ҳукумат хоҳад шуд. Ӯ ҳамчунин шаби гузашта дар сафҳаи "Фейсбук"-и худ аз сокинони шаҳри Мазори Шариф хост, ки рӯзи панҷшанбе ба кор нараванд ва дӯкону бозорҳои шаҳрро низ боз накунанд.

Аксҳо ва наворҳои видеоӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ нишон медиҳад, ки ҳузури нерӯҳои амниятӣ дар ин шаҳр афзоиш ёфтааст ва дӯконҳои камтаре боз аст ва афроди мусаллаҳ бо либосҳои ғайринизомӣ низ гаштугузор доранд.

Атомуҳаммади Нур, волии пешини Балх.
Атомуҳаммади Нур, волии пешини Балх.

Мақомоти ҳукумати Афғонистон рӯзи 14-уми март сабаби барканории Муҳаммад Акрам Сомеъро кӯтоҳ омадан дар таъмини амният дар ин вилоят гуфтанд. Ба гуфтаи мақомоти вазорати умури дохилии Афғонистон, Абдурақиб Мубориз фармондеҳи нави пулиси Балх бо нерӯҳои вижа имрӯз, 14-уми март ба ин вилоят мерасад ва муаррифӣ хоҳад шуд.

"Тағйирот дуруст аст, аммо на дар ин шароит"

Нисор Аҳмад Ғурёнӣ, раиси комиссияи умури дифоии порлумони Афғонистон ба бахши афғонистонии Радиои Озодӣ гуфт, бо онки тағйир ва таъйини масъулони амниятӣ як амри оддӣ аст, аммо таъкид дорад, ки ин кор нигарониҳоро дар миёни номзадҳои интихоботи раёсати ҷумҳурӣ барангехтааст.

Ӯ мегӯяд, "тағйир ва табдил як асли қонунӣ аст ва ҳар кас аз як ҷой ба ҷои дигар табдил мешавад. Касе бояд дар ин маврид пофишорӣ накунад, ҳар кас, ки беҳтар кор кунад, бояд гумошта шавад ва дар мавриди Мазори Шариф низ чунин аст. Аммо пас аз он, ки номзадҳои интихоботи раёсати ҷумҳури мушаххас шуданд, тағйирот ва табдилҳо ҳам бояд кам шавад. Чун ҳамаро дар ташвиш андохтааст."

Аммо Муҳаммад Осиф Сиддиқӣ, муовини раиси порлумони Афғонистон мегӯяд, ки ба хотири таъйини як масъули амниятӣ набояд ба бӯҳрон доман зада шавад. Оқои Сиддиқӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, "мо набояд ба хотири як шахс як вилоятро ба бӯҳрон рӯбарӯ созем. Тағйир дар низом як асл аст ва тасмимгиранда ҳукумат аст, ки бо дарназардошти шароит киҳоро дар куҷо муқаррар менамояд. Ба хусус нерӯҳои пулис. Ба хотири рақобатҳои сиёсӣ мо бояд мардум ва миллати худро овора насозем."

Cобиқаи таниш миёни Нур ва Ғанӣ

Ҳудуди якуним соли пеш ҳукми барканории Атомуҳаммади Нур аз сӯи Ашраф Ғанӣ, Афғонистонро ба як бӯҳрони печидаи сиёсӣ рӯбарӯ карда буд. Ин бӯҳрон ҳудуди се моҳ идома кард ва дар ниҳоят бо аз қудрат канор рафтани Атомуҳаммади Нур, аммо таъйини афроди мавриди назари ӯ дар симматҳои муҳими вилояти Балх ва ҳамчунин чанд вазоратхона дар ҳукумати марказии Кобул, анҷомид.

Аз ҷумла, Муҳаммад Акрам Сомеъ фармондеҳи пулиси Балх ва Исҳоқ Раҳгузар ба ҳайси волии он вилоят таъйин шуданд. Аммо ҳоло ба тағйироте, ки ҳукумати марказии Афғонистон дар Балх анҷом додааст, Атомуҳаммади Нур онро нақзи созишнома аз сӯи ҳукумат медонад ва онро қобили қабул намедонад.

Атомуҳаммади Нур кист?

Атомуҳаммади Нур, ки дар миёни тарафдоронаш бо номи Устод Ато маъруф аст, дар замони ҷиҳод алайҳи Шӯравӣ таҳти фармондеҳии Аҳмадшоҳи Масъуд, яке аз раҳбарони Эътилофи Шимоли Афғонистон хидмат кардааст ва яке аз лидерони тоҷикон дар он кишвар ба шумор меравад. Ӯ айни ҳол яке аз раҳбарони ҳизби Ҷамъияти исломии Афғонистон аст. Ин ҳизб аз сӯи Бурҳониддин Раббонӣ, президенти фақиди Афғонистон аз аз раҳбарони муҷоҳиддин, таъсис шудааст.

Атомуҳаммади Нур ҳудуди 15 сол волӣ ё раиси вилояти Балх буд. Вилояти Балх воқеъ дар шимоли Афғонистон бинобар далоили сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ аз аҳамияти стратегӣ бархӯрдор аст ва аз пойгоҳҳои муҳими Атомуҳаммади Нур ба шумор меравад. Дар интихоботи ояндаи президентӣ, ки тобистони оянда баргузор мешавад, Атомуҳаммади Нур аз номзадии Ҳаниф Атмар пуштибонӣ кардааст.

XS
SM
MD
LG