Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Музокироти Брекзит бо Иттиҳоди Аврупо ба "бунбаст" ворид шуд


Тереза Мэй
Тереза Мэй

Музокироти Британия бо Иттиҳоди Аврупо дар робита ба ворид кардани дигаргуниҳо ба матни созишномаи Брекзит ба "бунбаст" ворид шуд ва нахуствазири Британия Тереза Мэй, эҳтимол аз сафари барномарезишуда ба Брюссел даст мекашад.

Бинобар ворид нашудани таъғирот ба матни созишнома эҳтимол порлумони Британия онро рад кунад.

Овоздиҳӣ дар порлумон бояд рӯзи 12 март баргузор шавад, аммо тавре нашрияи The Sun рӯзи душанбе навишт, нахуствазир метавонад овоздиҳии ниҳоии тарҳро мутавақиф кунад ва овоздиҳии фардоро райъдиҳӣ ба равиши хуруҷ табдил диҳад.

Қаблан Мэй ба порлумон ваъда дод, ки агар тарҳи созишнома рад шавад, ӯ ба намояндагони мардумӣ пешниҳод хоҳад кард, ки Британия 29 март бидуни ягон созиш аз Аврупо хориҷ ва ё санаи Брекзит ба охири моҳи июн гузошта шавад, то замон ба даст биёрад.

Санаи хуруҷи Британия аз Иттиҳоди Аврупо аз рӯи қонун 29 март муайян шудааст. Барои ба вақти дигар гузаронидани ин сана, дар вақти каме, ки боқӣ мондааст, бояд ба қонун таъғирот ворид кшавад. Гузашта аз ин, Иттиҳоди Аврпуо бояд ба дигар шудани санаи хуруҷ розӣ шавад.

Мухолифин дар порлумони Британия, махсусан лейбористҳо, дар шароити феълӣ аз реферундуми такрории тарҳи Брекзит пуштибонӣ мекунанд. Аммо бахши ҳокими муҳофизакор тарафдори Брекзит буда, намехоҳад ба тарҳи феълии созиш бо Иттиҳоди Аврупо овоз диҳад ва онро барои Британия муфид намешуморад.

XS
SM
MD
LG