Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситонӣ барои Аюб Титиев 4 соли зиндонро талаб кард


Додситон барои Аюб Титиев - раҳбари бахши созмони ҳуқуқи башари "Мемориал" дар Грозний, чаҳор соли зиндони низомаш умумӣ ва пардохти 100 ҳазор рублро талаб кард.

Фаъоли ҳуқуқи инсон ба "нигаҳдории маводи мухаддир дар ҳаҷми калон" муттаҳам шудааст. Дар ин бора канали маркази ҳимояи ҳуқуқи инсон дар Телеграм хабар дод.

Титиев моҳи январи соли гузашта дар Чеченистон боздошт шуд ва ба гуфтаи тафтишот ӯ гӯё бо худ ҳудудан 200 грам марихуана дошт. Титиев иттиҳомро рад мекунад ва мегӯяд, ки маводи мухаддирро махсус дар мошини ӯ партофтанд.

Ҳамкорони Титиев мегӯянд, ки парвандаи ӯ сохта аст ва ҳукумати Чеченистон мехоҳад бо роҳи шиканҷа аз фаъолон халос шавад. Раҳбари Чеченистон Рамазон Қодиров борҳо аз фаъолияти ҳомиёни ҳуқуқ дар ин ҷумҳурӣ шадидан интиқод кардааст.

Созмонҳои байналмилалӣ ва шахсиятҳои фарҳангӣ ба пуштибони аз Аюб Титиев садо баланд карданд. Созмони "Мемориал" ва Amnesty International ӯро зиндонии сиёсӣ эътироф карданд, ҳарчанд Титиев бо иттиҳоми ғайрисиёсӣ мурофиа мешавад.

XS
SM
MD
LG